Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МИГРАЦИЯИ АХОЛИ

МИГРАЦИЯИ АХОЛИ

migraciyai-aholiМИГРАЦИЯИ АХОЛИ, мухочи­рати ахоли, аз як чо ба чои дигар кучидани ахоли. Миграцияи ахоли дохили ва хоричи мешавад. Дар дохили мамлакат чой иваз кардани ахолиро Миграцияи ахолии дохили, мухочирати одамонро аз як мамлакат ба мамлакати дигар ё аз як континент ба континенти дигар Миграцияи ахолии хоричи меноманд. Ба Миграцияи ахолии дохили 6а шахр кучидани ахолии дехот ва афзоиши ахолии шахрхо хос аст. Миграцияи ахолии хоричи бошад, иммиграция ва эмиграцияи ахолиро дар бар мегирад. Ба ин ё он мамлакат барои истикомати доими ё дарозмуддат кучида омадани одамони давлати дигар — ми­грацияи ахоли; аз зодгохи истикоматгохи мукими ба мамлакати дигар мухочир шудани мардум — эмигра­цияи ахоли номида мешавад. Сабабхои асосии Миграцияи ахоли— омилхои ичтиоию иктисоди, инчунин сабабхои сиёси (ташкилёбии давлатхои нав. тагйир ёфтани сархадхои давлати. табаддулот дар сохти сиёсию иктисодии давлатхо) ва баъзан хусусиятхои миллию дини мебошанд. Миграцияи ахоли дар таърихи инсоният роли калон бозидааст. Процессхои сукунати одамон, истифодаи самарабахши замин, тараккии куввахои истехсоли, ташкил ёфтан ва ба хам омехта шудани нажодхо, забонхо ва халкхо бо Миграцияи ахоли алокаманданд. Миграцияи ахоли махсусан дар давраи таърихи нав, дар замони капитализм хеле авч гирифт. Бекори, ба ояндаи худ эътимод надоштан, хар гуна таъкибот ва г. миллионхо нафар ода­монро водор менамуд, ки диёри худро тарк кунанд. Мас., солхои 1901—10 ба ШМА аз мамлакатхои дигар 8825 хазор нафар, аз он чумла аз Рос­сия 5 127 хазор нафар одамон кучиданд. Солхои 70 дар иктисодиёти мамлакат­хои капиталистии Европа бештар аз 9 млн нафар коргарони хоричи банд буданд (дар РФГ 300 хазор кор­гарони италияви, 170 хазор испани, 251 хазор юнони; дар Франция 632 хазор коргарони италияви, 700 хазор испани ва г.). Хангоми дар терр. собик мустамликаи Британия ташкил ёфтани ду давлати сохибихтиёр — Хиндустон ва Покистон ба сабаби таъкиботи дини кариб 16 млн нафар мусулмонон ва хиндуён чои истикомати худро иваз карданд. Дар замо­ни хозира аз дехот ба шахрхо кучидани одамон торафт меафзояд. Аз соли 1920 то 1970 дар тамоми чахон шумораи сокинони шахрхо кариб 1 млрд нафар афзуд. Дар шароити сохтмони социалисти дар СССР, планкашии давлатии хочагии халк чойивазкунии муташаккилонаи ахолиро дар дохили мамлакат таъмин намуд. Солхои 1926—39 ба районхои нави саноатии Урал, Сибирь, Казокистон, Осиёи Миёна ва Шарки Дур 4,7 млн нафар, солхои 1950—70 ба заминхои навкорами Казокистон ва Осиёи Ми­ёна 1,2 млн нафар кучонида шуд. Солхои 1927—69 дар СССР ахолии шахрхо ба 105,4 млн нафар афзуда, мохи январи 1979 он ба 163,6 млн нафар расид. Дар Точикистон хам ба муносибати сохтмони иншоотхои бузург, ба монанди ГЭС-хои Норак ва Рогун, калонтарин дар Осиёи Миёна заводи злектрохимиявии Своя ва з-аводи алюминии ш. Турсунзода, инчунин азхуд намудани даштхои Дангара, Ашт ва Бешкент Миграцияи ахоли хе­ле вусъат ёфт.

Тадкики Миграцияи ахоли барои планкашии умумииктисоди ва регионали, истифодаи захирахои мехнати ахамияти калони амали дорад.

Ад.: Вопросы народонаселения и де­мографической статистики. М., 1946; Марксистско-ленинская теория народо­населения, М., 1971: Статистика миграции населения. М.. 1973.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …