«МИ РЪОТ-УЛ-ФУТУХ» («Оинаи пирузихо»), асари таърихии
Турахоча ибни Зиёуддинхочаи Андичони. «Миръот-ул-футух» солхои 1804-65 таълиф гардида, ба сарлашкари Хучанд Олимкул (1862—65) бахшида шудааст. Асар аз чор фасл ва хотима иборат аст. Фаслхои алохидаи он ба таърихи Мовароуннахр то замони хукмронии Абулфайзхон (1711—47), таърихи водии Фаргона, Дашти кипчок, шахрхои Андичон, Маргелов, Намангон, Тошкент, Хучанд, Уротеппа, вилоятхои Каротегину Дарвоз ва мамлакатхои хамсоя, аз чумла ба таърихи Туркия бахшида шудаанд. Дар «Миръот-ул-футух» инчунин оид ба вокеахои таърихии дар терр. хонии Хучанд бавукуъомада (то соли 1863) маълумоти фаровон мавчуд аст. Нусхаи ягонаи дастнависи асар дар китобхонаи Институти таърихи АФ РСС Точикистон махфуз аст.
Ад.: Зимин Л., «Зеркало побед» («Миръат-ал-футух»). и его значение для истории Кокандского хаяства. «Протокол… Туркестанского кружка любителей археологии», т. XVIII, (вып. 10), Ташкент, 191Э; Мухтаров А., Очерк истории Ура-Тюб и некого владения в XIX
в.. Д., 1904.
А. Мухтаров.