Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МЕЪЁРИ ЧАМОЛИ»

«МЕЪЁРИ ЧАМОЛИ»

«МЕЪЁРИ ЧАМОЛИ» асари адиби а. 14 Шамси Фахри, ки ба хокими Шероз Чамолуддини Абуисхок пешкаш карда, ба ин муносибат «Меъёри Чамоли» номидааст. «Меъёри Чамоли» 4 кисм аст. 3 кисми аввал улуми сегонаи адаби — аруз, кофия, бадеъро дар бар гирифтааст. Шамси Фахри дар таснифи ин се кисм аз «Хадоик-ус-сехр»-и Рашиди Ватвот ва «Ал-муъчам»-и Шамси Хайси Рози истифода бурдааст. Лекин мусанниф ба чои порчахои шеърие, ки Рашиди Ватвот ва Шамси Кйс аз эчодиёти саромадони сухан далел овардаанд, ба сифати мисол ашъори маснуи ба мадхи мансабдорони давр бахшидаи худро накл кардааст. Бинобар он, асараш аз чихати кимати эстетики дар пояи пасттаре карор гирифтааст. Кисми 4-уми «Меъёри Чамоли» фарханги тафсирии мухтасарест. Мусанниф такрибан 1600 калимаи камистеъмол ва гайримаъмули форси (точики)-ро ба тартиби алифбо аз руи харфи охир шарх додааст. Сарчашмаи ин кисми «Меъёри Чамоли» «Лугати фурс»-и Асадии Тусист, лекин дар ин чо хам Шамси Фахри шохидхои лугавиеро, ки Асади аз осори шоирони асрхои 9—11-и Мовароуннахру Хуросон оварда буд, бо абёти худ иваз кардааст. Шамси Фахри феълхоро дар ду шакл — тасрифи ва масдари зикр кардааст: «шахш, шахшидан — лагжидан», «пайхуд, пайхудан — сухта догдор шудани либос аз наздикии оташ». Баъзе калимахо бо чандин муродифи шевагиашон омадаанд: карабш, муродифхояш — карабша, карабса, карабшу, каробсу, карбоса ва г. Кисми 4-уми «Меъёри Чамоли» ки бештар шухрат ёфта, минбаъд бо унвони «Фарханги Шамси Фахри», «Лугати фурс», «Лугати фурси кадим» зикр шудааст. Инчунин мусаннифони фархангхои «Тухфат-ул-ахбоб», «Мачмаъ-ул-фурс», «Фарханги Хусайни Вафои», «Дурри дари», «Фарханги Чахонгири» аз ин асар истифода бурдаанд. Кисми 4-уми «Меъёри Чамоли»-ро соли 1885 К. Г. Залеман дар хазон бо номи «Лугати фурс»-и Шамси Фахри чоп кардааст; кисмхои дигари китоб то имруз ба табъ нарасидаанд.

Ад.: Тагирджанов А. Т., Первый трактат шамси Фахри Исфагани по персидской поатике, «Вестник Ленинградского ун-та, серия, истории языка и литературы», в. 3, I960, № 14.

С. Имронов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …