Маълумоти охирин

MЕВA

mevaMЕВA, бар, бор, самар, самара (truclus), узви растанихои пушидатухм, ки аз гура ва диг. узихои гул ба вучуд омада, ба максади ташаккул, мухофизат ва пахншавии тухм хизмат мекунад. Мева пас аз бордоршавии гул (гайр аз Мевахои Партонокарпи, ниг. Партенокарпия) хосил мешавад. Шакл, андоза, ранги Мевахо хеле гуногун аст.

Мевахо одатан ду хел: хакики ва гайрихакики мешаванд. Мевахои хакики аз гуракхои пайваст ва гайрихакики аз гуракхои пайвасту узвхои дигари гул ташаккул меёбанд. Кисми берунии Мева аз мевапарда иборат аст, ки аз деворан гурак инкишоф меёбад. Дар даруни Мева (яъно дар чавф, ковокии он) ва пла­цент тухм хосил мешавад. Мевапарда (перикарпий) аз бофтахои сермагзи пайваст ё аз бофтахои хушк таркиб ёфта, одатан аз се кабат иборат аст: беруни (экзокарпий), мобайни (мезокарпий) ва даруни (эндокарпий). Аммо чунин таснифот шартист, зеро баъзан мевапарда 2 м кабат хам дошта метавонад. Дар ташаккули мевапарда гул банд (гулчоя), гулпуш (косабарг, точбарг), бехи гардбарг ва думчабарги гул низ иштирок мекунанд. Мевахои хакики содда (аз як сутунча инкишоф ёфтааст) ва мураккаб (аз гинецейхои апокарпии сершумор) мешаванд. Мевахои содда мевапардаи хушк ё тар доранд. Мевахои хушкро ба сертухм ё кушодашаванда (баргакмева, гилофак, гузахалтамева ва г.) ва кушодапашангида (дупарра, чормагз, дон, донак ва г.) чудо мекунанд.

Мевахои тар сертухм (гучуммевахо, себ, апор ва г.) ва яктухма (до­нак) мешаванд. Мевахои мураккабро аз руи ному сохти Мевахои содда (мас., баргакмеваи мураккаб, дон ё донаки мураккаб ва г.) муайян мекунанд.

Таснифоти нисбатан хозиразамони морфогенетикии Мева мачмуи аломатхои сохти гинецей (мачмуи мевабаргхо), хусусият ва дарачаи иштироки узвхои дигар (гайригенецей)- ро дар ташаккули Мева, инчунин адад, чойгири ва роххои пайвастшавии мевабаргхо, микдор ва хусусияти пайвастии тухм ва г.-ро, ки дар шархи тахаввули Мева мухиманд, ба эътибор мегирад. Дар хамин асос с. 1948 олими совети А. Л. Тахтацян Мевахоро ба гуруххои апокарпи (мас., марминчон, тут, кулфунай, гелос, олу, шафтолу, санчид, ачалгиёх, лис­та, бодом, хурмо ва г.), ки аз сутунчахои попайваст инкишоф меёбанд ва ценокарпи (чойкохак, канакунчид. савсан, булут, чормагз, анчир, анор, ангур, нок, бихи, афлесун, тарбуз, каду, харбуза, хашхош, офтобпараст, гандум ва г.), ки аз гинецейхои пайвастабарг ба вучуд меоянд, чудо кардааст. Мевахои ценокарин дар навбати худ си киприй, паракарий ва лизикарий мешаванд. Мева дар хаёти растани ахамияти бузург дошта, боиси мухофизат ва пахн шудани он мегардад. Минапарда Меваро то пухтан аз хушкидан, таъсироти механики, аз xурдани хайвонот (дар ин давра дар он моддахои захрнок, турши ва г, гун гашта, баъди пухта расидани Мева нест мешавад) эмин медорад. Mевапардаи Мевахои кушоданашаванда тухми расидаро аз сабзиши бармахал ва хурдани хайвонот мухофизат менамояд. Меваю тухм бо ёрии шамол, об, хайвонот ва одам пахн мешавад. Баъзе Мевахо барои бо ёрии шамол пахн шудан (анемохория) худро мувофик кардаанд (мас., парра, канотак, точмуяк, столодийи пармонанд ва г. доранд). Дар мевапардаи Мевахои бо об пахншаванда (гидрохоранда) инкишофи бофтаи хавогир, чавфи хавонигохдоранда мушохида мешавад. Баъзе Мевахо хар гуна чангакхор, муякхор часпак ва г. доранд, ки ба пашми хайвонот ва либоси одамон мечаспанд. Баъзе Мевахоро мурча (мирмекохория) ва паррандахо (орнитохория) ё хайвонхои дигар (зоохория) пахн мекунанд. Мевахо бо тухми, пору, олоти хочагии кишлок ва наклиёт низ пахн мешаванд.

Мева дар хочагии халк ахамияти ка­лон дорад. Меваи хурданбоби растанихои худруй ва мазруъ тухмдор (себ, муруд, пок, бихи), донакдор (зардолу, шафтолу, олу, олуболу. Олуча, гелос ва г.), цитруси (лиму, афлесун, норинч ва г.), субтропикию тропики (анор, анчир, анбах, ананас, муз, авокадо) ва гучуммева (цот, ангур, бектоши, шахтути замини, кулфунай ва г.) мешавад. Ба истехсоли мевачоти хурдани сохаи богдори машгул аст. Мева ба микдори зиёди моддахои гизои (сафеда, равган, ангиштоб, витамин, моддахои минерали ва г.) дошта, чузъи хатмии xуроквори ва яке аз манбаъхои ангиштоби хозим аст. Мевахои тухмдор бештар фруктоза, донакдор бошад, глюкозаю сахароза доранд. Мева сервитамин аст. Мас., дар Мевахои цитруси 50—90 мг% витамин чамъ ме­шавад. Мевачот концентрати табиии витаминхост. Мас., дар настаран то 1500 мг% витамини С ва 5 мг% ка­ротин (оровитамини А), сиёхкот то 400 мг% витамини С гун мешавад. Мувофики маълумоти Институти гизои АИТ СССР нормаи солонаи истеъмоли Мева барои як кас 106 кг аст. Моддахои фаъоли биологии таркиби Мева дар процесси хозима ва метаболизм роли мухим мебозанд. Як зумра Мевахоро дар тиб бо максади табобати ва чун гизои пархези ба кор мебаранд. Бисёр Мевахоро муддати дароз (махсусан себ, нок, ангур, лиму, афлесун, норинч ва г.) тару тоза нигох доштан мумкин аст. Меваро мехушконанд; мураббо, компот, чем, повидло ва г. тайёр мекунанд. Илми мевашиносиро карпология меноманд.

Тасвир дар сах. 492—193.

Ад.: Кадви Н. Н., Генетическая классификации плодов, «Вест. МГУ», 1947, М 12; Тахтаджяи А. Л., Мор­фологическая эволюция покрытосемен­ных, М.—Л., 1048; хамон муалл., Ос­новы эволюционной морфологии покры­тосеменных, М.—Л., 1064; Левина Р. В., Способы распространения плодов и семя, М., 1057 хамон муалл., Плоды, Саратов, 1097; Широков В. П., Технология хранения и перера­ботки плодов и овощей, М.. 1070.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.