Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРОЛОГИЯ

МЕТЕОРОЛОГИЯ

meteorologiyaМЕТЕОРОЛОГИЯ (аз юн. meteoros — боло бардошташуда, осмони, meteora — ходисоти атмосфери ва осмони ва… логия), илмест дар бораи атмосфера ва процессхои дар он ба амалоянда. Кисми асосии Метеорология физикаи атмосфера аст, ки ходисаю процессхой физикии атмосфераро тадкик мекунад. Процессхой химиявин атмосфераро химияи атмосфера — фасли нави босуръат тараккикунандаи Метеорология меомузад. Тавассути методхои назариявии гидроаэромеханика омухтани процессхои атмосфери вазифаи динамикаи метеорологи аст, кп яке аз масъалахои асосии он коркарди методхои ададии пешгуии обу хаво мебошад. Фаслхои дигари Метеорология инхоанд: илми обу хаво ва методхои пешгуии он — метеорологияи синоптики ва илми иклимхои Замин — иклимшиноси (климатология), ки худ ба илми мустакил табдил ёфтааст. Таъсири омилхои атмосфериро ба процессхои биологи биометеорология меомузад, ки он дар навбати худ Метеорологияи хочагии кишлок ва биометеорологияи одамро дар бар мегирад. Сохт ва таркиби кабатхои баланди атмосфераи Замин, та-шаккули абру боришот ва усулхои танзими онхо, гармиивазшави дар кабатхои баланди атмосфера, чараёни хаво, таъсири мутакобили массахои хаво ва г-ро аэрология меомузад. Тавсифи дигар фаслхои Метеорологияро ниг. дар маколахои Актинометрия, Акустика, Оптикаи атмосфери.

Тадкикотхои метеорологи аз давраи атика ин чониб (Арасту) гузаронда мешаванд. Метеорология аз нимаи якуми асри 17, вакте ки олимони италияви Г. Галилей ва Э. Торричелли нахустин асбобхои метеорологи — барометру термометрро сохтанд, босуръат инкишоф кард. Омузиши конунияти процессхои атмосфери дар асрхои 17—18 огоз ёфт. Аз корхои он давра тадкикотхои М. В. Ломоносов ва Б. Франклин чолиби диккатанд, ки онхо ба омузиши ходисахои электри дар атмосфера диккати махсус медоданд. Тадкикотхои эмпирии циркуляцияи атмосфера бо максади асосноккунии методхои пешгуии обу хаво дар асри 19 ру ба инкишоф ниход. Корхои У Ферелл дар ШМА ва Г. Голмгольц дар Германия ба тадкикоти сохои динамикаи харакатхои хаво acoс гузоштанд. Дар миёнаи асри 20 дар омузиши гирдгардиши умумии хаво методхои динамикии Метеорология холо инкишоф ёфт. Бо ёрии онхо метеорологхои америкои  Ч. Смагоринский ва С, Манабе харитахои умумичахонии харорати хаво, боришот ва диг. элементхои нетеорологиро тартиб доданд. Дар солхои Хокимияти Совети як катор муассисахои илмии метеорологи сохта шуданд, ки маркази гидрометеорологии СССР (собик Институти марказии пешгуии обу хаво), Расадхонаи марказии аэрологи, Институти физикаи атмосфераи АФ СССР ва г. аз чумлаи онхоаяд. Асосгузори мактаби советии Метеорологияи динамики А. А. Фридман мебошад. Дар корхои у ва диг. олимон конунияти харакатхои атмосферии гуногунмикёс тадкик шудаанд. Олимони Иттифоки Совети дар бобати ба процесси атмосфери таъсири фаъолона расондаи натичахои мухим ба даст оварданд. Тачрибахои таъсиррасони ба абрхою боришот, ки Д. И. Оболонский cap карда буд, дар солхои баъдичанги вусъат ёфтаанд. Дар натичаи тадкикотхое, ки тахти рохбарии Е. К. Фёдоров гузаронда шудаанд, нахустин системае ташкил гардид, ки ба кам кардани жолабори дар терр-хои калон имкон медихад (мас., экспедицияхои зиддижола дар водихои Хисори РСС Точикистон ва Фаргонаи РСС Узбекистон ниг. Жола).

Дар Метеорологияи муосир кашфиётхои навтарини физика ва техникаро хамачихата истифода мебаранд. Чунончи барои мушохидаи холатхои атмосфера аз радифхои метеорологи (ниг. Радифи метеорологи) ва дар Метеорологияи назарияви комиютерхоро васеъ татбик менамоянд. Ба корхои илмию амали оид ба М. Умури гидрометеорологии СССР, ки соли 1929 ташкил ёфтааст, рохбари мекунад. Ташкилоти умумичахонии метеорологи аз дигар муассисахои байиалхалкии метеорологи фаъолияти умурхои обу хавои мамлакатхои гуногунро идора мекунанд.

Ад.: Тверской П. К.. Курс метеорологии, Л.. 1002; Метеорологии и гидрология аа 50 лет Советской власти, Л. 1967; Фёдоров Б. К., Часовые погоды, Л„ 1970.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …