Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРИТИКА

МЕТЕОРИТИКА

meteoritМЕТЕОРИТИКА, (шихобшиноси), як фасли илмест, ки моддаи метеориро дар хамаи холат ва зухуроти он меомузад. Метеоритика харакати чирмхои метеориро дар фазои байни сайёрахо ва дар атмосфераи Замин, таъсири мутакобили моддахои метеориро бо атмосфера ва шароити афтиши метеоритхоро ба руи хок тадкик мекунад. Метеоритика инчунин таркиби химиявию минерали, сохту сиришт, хосиятхои физики ва конуниятхою алокамандии унсурхои метеоритхоро низ муоина мекунад. Вазифаи асосии илмии Метеоритика— омухтани пайдоишу ташаккули метеоритхо мебошад. Метеоритика дар баробари методхои хоссаи худ аз методхои астрономия ва физика, химия ва минералогия, геофизика ва геохимия, петрография ва геология, металлургия ва г. низ истифода мебарад. Метеоритика охири а. 18 ба вучуд омад. Худи истилохи «Метеоритика»-ро ба илм бори аввал олими рус Ю. И. Симашко (1889) дохил кардааст. Метеоритика махсусан солхои 70 асри 20 инкишоф ёфт. Дар СССР тадкикотро дар сохаи Метеоритика Комитети метеоритхои АФ СССР рохбари мекунад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …