Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРХО

МЕТЕОРХО

meteorhoМЕТЕОРХО (аз юн. meteora — ходисоти атмосфери ва осмони), шихобхо, ходисоти рушноист, ки хангоми ба атмосфераи Замин зада даромадани заррахои сахт — чисмхои метеори ба амал меояд. Чисмхои метеори ё худ метеороидхо объектхоеанд, ки дар фазои байнисайёрави харакат мекунанд ва андозахояшон калонтар аз молекулаву хурдтар аз астероид мебошад. Чисми метеори аз баландии 60—120 км бо суръати 11 то 72 км/сов хангоми ба атмосфераи Замин зада даромаданаш гудохта, бур шуда, пош хурда ва майда шуда меравад. Атомхои моддаи метеори хангоми бо молекулахои даво бархурдан ионизация мешаванд ва меангезанд. Партавафшонии метеор асосан бо афканиши атому ионхои метеории ангехта алокаманд аст, онхо бо суръати чисми метеори харакат мекунанд ва энергияи кинетикиашон аз даххо то ба садхо электронвольт аст. Дар ин хол чисми метеори кисман ё худ пурра массаи худро гум карда, изи метеориро ба вучуд меоварад.

Агар метеороид киёсан массаи калон ва зичии зиёд дошта, суръаташ нисбатан бузург набошад, онгох баъзан як кисми вай дар атмосфера пурра бухор нашуда ба руи Замин меафтад, ки онро метеорит меноманд. Метеореро, ки кадри ситоравиаш бештар аз —4 аст, болид (ба истилохи кадимаи точики сокиба) меноманд. Болидхои басо равшанро то рузона хам метавон дид, ки дар баландии 20—40 км дурахшида, сипас нопадид мегарданд.

Хангоми дучор шудани Замин бо тудаи чисмхои метеори, ки дар атрофи Офтоб такр. аз руи мадорхои яихела давр мезананд, сели метеор (то 50—100 метеор дар 1 с) мушохида карда мешавад, ки онхо такр. аз як нуктаи осмон — радиант мебароянд. Селхои метеори мансуб ба бурчхоанд, ки радиантхояшон Дар он вокеъ гардиданд. Селхои метеорие, ки хеле бо шиддат меборанд (Дар мавриде, ки дар як дакика 1000 ва бештар аз он метеор мушохида шавад), шихобборон номида мешаванд. Мас., шихобборони Андромедихо дар соли 1789—1885, Тининихо дар соли 1939 ва 1962, Асадихо дар соли 1789, 1833, 1866 ва 1966 ва хочагии кишлок Метеорхоро садхо сол инчониб пушонида мекунанд ва меомузавд. Аммо табиати ин ходисоти атмосфера хосиятхои физикави, тавсифи мадор ва сабабхои пайдоиши он танхо дар се-чор дахсолаи охир ошкор ва муайян карда шудаанд.

Метеориоро бо усулхои гуногун мушохида мекунанд. Кадимтарини он усули визуали мебошад. Ин усул имкон дод, ки дар бораи тагйироти шабонарузи ва мавсимии мотеорхо, дар бораи густариши онхо дар гунбази осмон маълумот ба даст оварда шавад. Холо барои омухтани метеорхо мушохидахои фотографи, радиолокациони, дар солхои охир электрониву оптики ва телевизиониро истифода мебаранд, ки онхо аз асоситарин усулхо ба шумор мераванд.

Барои кайди фотографии метеорхо асбоби ба ном наззори метеориро истифода мебаранд, ки аз чанд агрегатхои фотографи иборат аст. Бо усулхои фотографи метеорхои то кадри ситоравии 4-ро кайд менамоянд. Аз ду махалле, ки масофаашон 30—50 км аст, дар гунбади осмон метеорхоро ба сурат мегиранд. Аз руи фотосуратхо дар фони ситорахо баландии метеор ва радианти онро муайян кардан имконпазир мегардад. Ба пеши камерахои яке аз агрегатхои наззор обтюратор (олате, ки махлули даврзананда дорад)-ро гузошта, суръати метеорро низ муайян кардан мумкин мешавад. Агар ба пеши объективи фотокамерахои агрегати дигар призмахо ё худ панчарахои дифракциониеро гузорем, дар фотонавор спектри метеор хосил мешавад, ки аз руи он метавон таркиби химиявии чисми метеориро муайян кард.

Усулхои радиолокациони имконият медихад. ки метеорхои то кадри ситоравии 12—15-умро дар нама Гуна шароитм обу хаво ва дар давоми шабонаруз мушохида кунем. Радиолокатор паи метеориро ба кайд мегирад. Атомхои бугшудаи моддаи метеори хангоми дар атмосфера харакат кардан ба молекулахои хаво бархурда ва сипас ангехта дар шакли из намудор мешавад, ки он ба даххо километр тул кашида метавонад. Ба туфайли диффузия шудан, ба якдигар часпидани заррахои ионизацияшуда ва г. изи метеори ба зуди васеъ мешавад, тарокуми электронии он меафтад ва зимни он из пароканда мегардад.

Мушохидахои радиолокационии метеорхоро барои муайян кардани суръат ва самти чараёнхои хавои дар зонахои метеории атмосфераи замин (баландиаш 120—60 км) истифода мебаранд.

Мушохидахои фотографи ва радиолокационии метеорхо бештар дар СССР (Душанбе, Ларьков, Казон, Одесса, Киев, Обнивск, Фрунзе ва г.), РСЧС, ШМА, Канада, Австралия, Англия гузаронда мешаванд. Холо бо ёрии датчикхое, ки дар киштихои кайхони гузошта мешаванд, дар бораи метеороидхои майдатарини андозаашон то 10- мм хам маълумоти пуркимат ба даст меоранд. Тахти рохбарии акад. АФ Точикистон П. Б. Бобочонов бори аввал (с. 1964) дар Душанбе ва Одесса бо методи лахзавия водошт (экспозиция) мушохидаи фотографии метеорхо гузаронда шуд, ки дар он дар атмосфераи Замин навъхои гуногуни таксимшавии чисми метеориро бараъло дидан мумкин буд. Метеороидхо дар атмосфераи Замин аз сабаби кам будани зичиашон (1 г/см3) ва ковок будани сохташон пора мешаванд. Зичии чисмхои метеории тавлидашон кометави аз ин хам камтар аст.

Дар спектри метеорхо асосан хатхои эмиссиони намудоранд. Дар байни онхо хатхои атомхои хунсои Fe, Na, Mg, Са, Сг, Мп, А1, N, О, Si, инчунин хатхои ионизонидашудаи атомхои Mg+, Si+, Са+ ва Fe+ ошкор карда шудаанд. Чисмхои метеориро ба монанди метеоритхо ба ду гурухи калон: охани ва санги чудо кардан мумкин аст. Чисмхои метеории санги назар ба охани бештар мушохида шудаанд.

Муоинаи мадори метеороидхои спорадй (метеорхои чудогона, ки мансуби ягон сели метеори нестанд) нишон доданд, ки моддаи метеори асосан дар хамвории эклиптика рух шудааст ва харакати рост доранд. Аксари метеорхои кайдшуда (бештар аз 99%) мадори эллипси доранд. Ин гувохи медихад, ки чисмхои метеориро системаи Офтоб тавлид кардааст. Бо рохи мушохидахои фотографию радиолокациони мадори даххо хазор метеорхо муайян карда шудаанд.

Ба чисмхои метеори ба чузъ чозибаи гравитационии Офтоб ва сайёрахо, инчунин афканишоти электромагнитию корпускулавии Офтоб хам таъсир мерасонанд. Чунончи, аз таъсири фишори рушнои хурдтарин чисмхои метеории андозаашон хурдтар аз 0,001 мм ба беруни системаи Офтоб фишонда мешаванд. Эффекти Пойитингу Робертсон ва амсоликорпускулавии он, ки зимни фурубурди афканишоти изотропии радиацияи Офтоб ба амал меояд, охиста-охиста андозахои мадорро кам мекунад. Дар натича, чисмхои метеори торафт ба Офтоб наздик мешаванд. Аз таъсири афканишоти офтоби ва протонхои боди офтоби бур шудану пош хурдани чисмхои метеори сабаби торафт хурд шудани массаи метеороид мегардад. Давомати умри метеороидхо дар минтакахои дарунии системаи Офтоб чандон беш нест. Аз ин сабаб хам захираи моддаи метеори бояд бо кадом як тарзе хамеша пур шуда истад. Се манбаи чунин пуршавиро нишои додан мумкин аст: 1) порашавии ядрохои нометахо; 2) майда шудани астероидхо; 3) духули майдатарин чисмхо аз дуртарин канорхои системаи Офтоб.

Массаи метеороиди ба атмосфераи Замин зада дароянда хар кадар калон бошад, метеори зодаи у низ хамон кадар дурахшонтар мешавад. Ошкор шудааст, ки хангоми ба як кадри ситорави кам шудани тобиши метеорхо микдори онхо ду маротиба зиёд мешудааст.

Зичии моддаи метеори дар фазой карибизамини такр. 0,5  10-22 г/см3-ро ташкил мекунад. Дар давоми як шабонаруз ба Замин аз даххо то садхо тонна моддаи метеорй меафтад. Ба атмосфераи Замин дохил шудани моддаи метеори боиси як андоза тагйир ёфтани таркиби кабатхои болоии атмосфераи Замин мегардад ва ба пайдо шудани абрхои парниён (нукратоб), баъзе кабатхои ионосфера ва г. мусоидат мекунад.

Ад.: Ленин Б. Ю., Физическая теория метеоров и метеорное вещество в солнечной системе, М., 1956; Бабаджанов П. Б., Крамер Е. Н., Методика и Некоторые результаты фотографических исследований метеоров, М., 1963; Кащеев Б. Д., Лебединец В. Н., Лагутин М. Ф„ Метеорные явления в атмосфере Земли, М., 1967; Катасёв А. А., Исследование метеоров в атмосфере Земли фотографическим методом, Л., 1966; Фиал ко Е. И., Радиолокация метеоров, М.. 1967; Evolutionary and Physical Properties of Meteoroids, NASA SP —319, Washington, D. S.. 1973.

П. Бобочонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …