Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛ

МЕТАЛЛ

metallМЕТАЛЛ, фулузот, моддахои соддаеанд, ки дар шароити мукаррари кобилияти баланди электр ва гармигузарони, коэффициенти хароратии манфии электргузарони, кобилитяти ба хуби акс кардани мавчхои электрмагнити ва хосияти пластики доранд. Металл дар холати сахт сохта кристалли дорад, дар холати бур бошад, якатома аст. Хамаи хосиятхои номбаршуда ба сохти электронии Металл вобаста аст. Зиёда аз 80 моддаи содда ва аксари хулахои металли дорои ин хосиятхоянд. Металлхо дар системаи даврии элементхои Менделеев аз тарафи чапи хати роста аз бор то астат гузаронидашуда ва нометаллхо аз тарафи рости он чойгиранд. Элементхои дар назди ин хат чойгиршуда хосиятхои хам металли ва хам нометалли доранд (мас., As, Sb, Bi ва г.; баъзан инхоро нимметалл хам меноманд).

Дар даврахои кадим ва асрхои миёна 7 Металл (тилло, нукра, мис, калъаги, сурб, охан ва симоб) маълум буд. Кимёгарон (алхимикхо) гумон мекарданд, ки Металлхо дар каъри замин аз таъсири сайёрахо пайдо шуда, багоят охиста такомул ёфта, охир ба нукраву тилло мубаддал шудаанд. Авв. асри 18 тасаввуроте вучуд дошт, ки гуё Металл аз замин ва флогистон ном мабдаи сузиш иборат бошад. Охири асри 18 А. Л. Лавуазье ин тасаввуротро рад карда нишон дод, ки Металл моддаи содда аст. Аввали асри 19 Металлхои платини, ишкори ва ишкорзамини кашф ва хосил карда шуданд; ба чудо кардани Металлхои нодирзамин асос гузошта шуд. Кашф карда шудани ходисаи радиоактиви охири асри 19 барои бо рохи сунъи хосил кардани як катор Металлхои радиоактиви, аз он чумла элементхои трансурани, имконият дод. Металл як катор хосиятхои умуми низ дорад, ки ин хосиятхо натичаи алокаи сусти электронхои валенти бо ядрои атом мебошад. Мас., зухури валентнокии мусбат, хосилкунии катионхо, оксидхо, гидроксидхо ва г. Хангоми аз руи зиёдшавии потенциали мукаррари пай дар пай гузоштани Металлхо катори шиддатноки ё катори фаъолиятнокии онхо хосил мешавад. Дар ин катор характери электромусбатии Металлхо аз Металлхои ишкори то Pt ва Аи суст мешавад. Хамаи Металлхое, ки аз Н2 бол о чойгир шудаанд, гидрогенро аз кислотаи сероб хорич мекунанд. Металлхое, ки аз Н2 поён вокеанд, дар кислотахои оксигенхои (Pt ва Аи факат дар шахшароб) хал мешаванд. Металлхои аввали катор аз Li то Na бо оксиген дар хунуки, аъзохои олидаи катор (гайр аз Ir, Pt ва Аи) хангоми гарм кардан ба реакция медароянд. Оксидхои дарачаи пасти Металлхо хосияти асосро доранд; оксидхои олии онхо ангидриди кислотахо мебошанд. М.-хо валентнокии тагиирёбанда доранд. Дар бораи дигар хосиятхои химиявии Металлхо ниг. Металлхо, Гидридуо, Нарбидуо ва г.

Металл аз сабаби хосиятхои мустахками, сахти, устувори ба коррозия, гармитобовари, кобилияти баланди электргузарони ва г. доштанашон дар техиикаи имруза роли мухим мебозанд. Хамаи Металлхо ва хулахои аз онхо хосилшударо ба Металлхои сиёх (охан ва хулахои он) ва ранг (хамаи Металлхои бокимонда ва хулахои ohхо чудо мекунанд. Металлхои ранга низ дар навбати худ вобаста ба аломатхо (хосиятхои физики ва химияви, характери дар кишри замин чойгиршави)-яшон ба якчанд гурух чудо мешаванд: Металлхои сабук (Al, Mg), Металлхои вазнин (Си, РЬ ва г.), Металлхои душворгудоз (W, Мо ва г.), Металлхои асил (Au, Pt ва р.), Металлхои нодир (Sc, Y, La, лантаноидхо) ва г. Алокамандии таркиб, сохт ва хосияти Металлхо ва хулахо, инчунин конунияти тагйирпазирии онхоро хангоми таъсири гарми, химияви ва механики металлшиноси меомузад. Металл дар табиат дар намуди маъдан, баъзан дар холати худруй (холис) вомехурад. Аз Металлхои барои техникаи имруза мухимтарин дар кишри замин Fe (4,65%), Al (8,8%), Mg (2,1%), Ti (0,63%) бештар дучор меоянд. Дар бораи хосилкунии Металл. ниг. Металлургия.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …