Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МЕТАЛЛУРГИЯ

МЕТАЛЛУРГИЯ

metalurgiyaМЕТАЛЛУРГИЯ (аэ юн. motallur-geo — коркарди металлхо), як сохаи истехсолот, техника ва илм буда, ороцессхои аз пайвастхои табии ё материалхои диг. хосил кардани металлу хулахо ва инчунин процессхои дигаргун шудани хосиятхои хулахои металлхоро (аз сабаби тагйири сохт ва таркиби химиявии онхо) дар бар мегирад. Металлургия хамчун сохаи саноат аз истехсоли металлхои сиёх, ранга ва хулахои он чо (ниг. Металлургияи сиёх, Металлургияи ранга), металлургияи хока, истехсолоти рехтагари, коркарди металлхо тахти фишор, кафшер, коркарди термикии металлхо, коркарди химиявию термикии металлхо, металлизация иборат аст. Металлургияи сиёх (процессу технологияхои истехсоли хулахои охании карбондор аз маъданхои охан) металлургияи чуян, пулод ва истедхолоти феррохулахо (хулахои охан)-ро дар бар мегирад. Чуян дар кураи домнави, пулод дар кураи мартени, конвертор, курахои электрии камони ва индукциони, феррохулахо дар курахои домнавию электри гудохта мешавад. Чуянро дар шакли рехта ё моеъ барои истехсоли пулод истифода меоаранд. Махсулоти истехсолоти пулодгудози пулоди рехта мебошад. Заводхое, ки цикли пурраи металлурги доранд, пулодро дар шаклхои тасма, болор, гулба, симтаноб, моделхо ва г. прокат мекунанд. Барои хушсифат намудани пулод аз методи вакуумохои баъдикурави, коркард бо дажголхои синтези ва газхои инерти гудозиши дубораи электродажголи ва вакууми истифода мебаранд. Гуногунии тарзи истехсолоти Металлургияи ранга ба характери полиметалли ва микдори ками металл доштани маъдан до вобаста аст. Хангоми пирометаллургия коицентрати аз металл бойро гудохта, металлашро чудо карда, тоза (рафинация) мекунанд. Дар усули гидрометаллурги пайвастхои металлхоро аввал дар об хал намуда, бо кислота ё ишкорхо ба реакция дароварда, баъд аз махлул худи металлро ба воситаи электролиз чудо карда мегиранд. Металлхои paнгаи сабукро аз электролизи пайвастхои химиявии гудохташуда хосил мекунанд. Аз усулхои химияви-термики, сублимация, Дистилляция, амалгамирони ва г. низ истифода мебаранд. Дар М.-и ранга процесси металлургияи илазмави низ татбик шуда истодааст. Металлургияи хока процесси аз хокаи металлхо дар натичаи прсссонидаи тайёр кардани предметно (деталхо)-и дорои шаклу андозаи муайяне мебошад, ки онхоро (якчоя бо прессонидан о баъдтар) барои пайдо кунонидани хосиятхои зарури нагудохта гарм мекунанд. Истехсолоти рехтагари як сохан Металлургия ба хисоб рафта, дар он предмети рехташаванда дар натичаи бо металл ё хулаи гудохта пур кардани холигихои чолиб хосил карда мешавад. Дар мавриди коркард тахти фишор, сохт ва хосияти физикию механикии металлу хулахо тагйир ёфта, деформация мешаванд ва шакли матлубро мегиранд. Кафшер процесси технологии хосил кардани деталхои дорои пайвасти чудонашаванда мебошад. Бо усулхои электри ва гази гудохта кафшер кардан маъмултарин усул ба хисоб меравад. Процесси лахимкори ба кафшер монанд аст. Дар ин маврид металлхои гудохта байни хам хула хосил мекунанду руи деталхои пайвастшавандаро пушонда, баъди хунук шудан онхоро ба хам сахт мепайванданд. Коркарди терми ба тагйир ёфтани сохти дохилии металлу хулахо дар режимхон гуногуни харорат (гарми ва хунуки) асос ёфтааст. Хангоми коркарди химияви-термики дар сатхи металлу хулахо ба таври диффузиони элементхое, ки хосиятхои онхо (сахти, дерфарсудашави, тобовари ва коррозия ва г.)-ро тагйир медиханд, чой мегиранд. Ба гайр аз ин, процессхои цементация, нитронй, алюминирони, цианирони, хромирони ва г. низ истифода мешаванд. Коркарди терми ва химияви-терми дар з-дхои металлурги, цеххо ё шуъбахои терми з-дхои мошинсози гузаронида мешаванд. Металлизация (бо диг. металлхо андудани сатхи металлу хулахо) бо максади баланд бардоштани дарачаи тобовари ба коррозия, гарми, фарсоиш ва барои оро додан кор фармуда мешавад. Дар баробари усулхои васеъ татбикшавандаи бо рохи электролити ва химияви такшонда андудан, ба гудохтахо гуточдан, плакирони, бо гарди металл руйпуш кардан, усули плазмавии бо гарди никел, хром, бор ва элементхои диг. андудани сатхи хулахои танакордошта низ перспективнои ба шумор меравад. М. хамчун илм дар заминаи муваффакиятхои металлшиноси, физикаи металлхо, физикаи химияви, термодинамика ва г. ривочу равнак ёфта истодааст.

Ад.: Общая металлургия, под ред. Е. В. Челищева, М., 1971; Основы металлургии, т. 1—6, М., 1961—73.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …