Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛУРГИЯИ РАНГА

МЕТАЛЛУРГИЯИ РАНГА

metalurgiyai-rangaМЕТАЛЛУРГИЯИ РАНГА, як сохаи мухими саноати вазнин буда, процессхои хосил ва бойгардонии маъдан, истехсолу коркарди металлхои ранга ва хулаи онхо, инчунин хосил кардани алмосро дар бар мегирад. Металлургияи Ранга дар баробари истехсоли металлхо ва хулаи онхо махсулоти прокату машанави, хулахои сахт, хокаи металлхо, намакхо ва пайвастхои гуногуни металлхои ранга, металлхои нодиру асил, химикатхо низ хосил мекунад. Металлхои ранга ва хулаи онхо дар саноати мошинсози, тайёр намудани асбобхо, саноати электрики, радиотехники, электроника, техникаи атоми, дар биологияю тиб ахамияти калон доранд. Истифодаи васеи металлхои ранга махсусан дар асри 20 боиси тараккии босуръати Металлургияи Ранга гардид. Дар маъдани металлхои ранга одатан микдори металли асоси нихоят кам аст. Танхо маъдани алюминий, магний ва титан 10—30% металл дорад. Хусусияти хоси маъдани металлхои ранга дар он аст, ки ба гайр аз металлхои асоси (мас., мис ё сурб) металлхои рангаи диг. низ дорад. Маъданро вобаста ба хусусият ва шароити чойгири бо усулхои кушод, зеризамини, гидравлики ва бо ёрии мошинхои хоккани хосил мекунаид. Маъданро баъди кандан бо усулхои флотациони, гравитациони, электромагнити, электростатики, химияви ва г. аз металлхои асоси бой мегардонанд. То Револятситяи Октябрь Металлургияи Ранга дар Россия хеле суст таракки мекард ва захирахои ашёи хоми он танхо дар якчанд район маълум буд. Муассисахои истехсоли маъдани металлхои ранга ва коркарди онхо асосан тобеи капитали хоричи буд. Кисми зиёди махсулоти Металлургияи Рангаро Россия аз хорича мегирифт. Солхои Хокимияти Совети дар аксарияти районхои СССР, аз чумла дар Точикистон, конхои бисёри металлхои ранга тадкик шуда, хамаи сохахои Металлургияи Ранга босуръат пеш рафт. СССР аз чихати аахиран ашёи хоми мис, сурб, руд, алюминий, калъаги, волфрам, молибден, сурма ва симоб дар чахон холо чои намоёнро ишгол мекунад. Конхи асосии мис дар РСФСР, Казокистон, Узбекистон ва Арманистон, сурб ва рух дар Казокистон, республикахои Осиёи Миёна, Сибир ва Шарки Дур, ашёи хоми алюминий (бокситхо) дар РСФСР, РССУ, РСС Казокистон, маъдани нефелин дар кишвари Красноярск, нимчаз. Кольск, дар РССУ., РСС Казокистон, РСС Озарбоёчон, маъданхои никелу кобалт дар Урал, Казокистон, Украина, конхои калъаги дар районхои шарки ва шим. Шаркии мамлакатамон, молибден дар Кавкази Шимоли, Закавказия, Сибири Гарби, РСС Казокистон., симоб дар РССУ, РСС Киргизистон, дар шим. гарбии РСФСР, Украина ва РСС Казокистон вокеъ гаштаанд. Инчунин конхои бисёри тилло ва металлхои нодир кашф шудаанд. Саноати Металлургияи Ранга, ки дар солхои Чанги якуми чахони ва чанги граждани хароб шуда буд, баркарор гардида, босуръат таракки кард. Дар охири панчсолаи 2-юм (1937) мисгудози дар СССР нисбат ба соли 1913 3,5 маротиба афзуд, истсхсоли махсусан сурб, рух зиёд шуд. Сохахои нави алюминий, никел, калъаги, истехсоли металлхои нодир ба вучуд омаданд. Сорли 1932 аввалин заводи алюминии Волхово, 1937 заводи Днепровск (Запорожия) ва аввалин заводи никели Уфалйск (дар Урал) ба кор даромад. Хануз солхои 5-солаи 1-ум заводхои мисгудозии Красноуральск, Белово (Сибири Гарби), заводи рух дар Константиновск (РССУ) ва г. сохта шуданд. Солхои минбаъдаи панчсолахои пеш аз чанг муассисахои зиёди Металлургияи Ранга, аз чумла заводхои мисгудозии Карсакпанск ва Балхаш, заводи сурб дар Чимкента Казокистон, як катор заводхои мисгудози ва заводхои дигар (алюминий, рух, комб. «Южио-урал-никель») дар Урал, Сибирь ва Шимол («Североникель»), Кавкази Шимоли,. Украина ва дигар районхои мамлакат сохта шуданд. Дар солхои баъди чанг Металлургияи Ранга босуръат таракки кард. Соли 1950 истехсоли мис, алюминий, никел, рух, сурб ва дигар металлхои ранга нисбат ба солхои пеш аз чанг хеле афзуд. Саноатн титан ва нимнокил ба вучуд омад. Металлургияи мис никелу кобалт, руху сурб, алюминий, калъаги, волфраму молибден, тиллою платина, алмос, магний, симобу суома, металлхои нодир ва г. таракки кард. Як катор муассисахои калону нав, мас., комб. никелу миси Норильск, заводхои калъагии Новосибирск, алюминии Богословск, Новокузнецк (вил. Кемерово), комб. руху сурби Усть-Каменогорск ва г. сохта шуданд. Соли 1960 махсулоти умумии Металлургияи Рангаи Иттифоки Совети нисбат ба 1950 хеле афзуд. Дар Ёкутистон яке аз калонтарин дар чахон маркази истехсоли алмос хаст. Солхои 1966—75 хачми истехсоли металлхои ранга ду маротиба зиёд шуд. Структураи махсулоти саноати металлхои нодир хеле васеъ шуда, истехсоли металлхои нодир ва элементхои махсусан холис (кадмий, индий, селений, теллур, висмут, рений, германий, галий ва г.) аз худ карда шуд. Солхои 70 аз 105 элементхои химияви 74-тоашро дар махсулоти тайёр ва нимфабрикатхо истифода мебаранд. Инкишофи истехсоли металлхои ранга интенсивонии процессхои технологи, азнавсози ва аз нав тачхизонии муассисахо ва ба истифода додани куввахои навро таъмин менамояд. Комплексхои калони саноатии дорои дарачаи баланди концентрация ва махсусгардонии истехсолот (комб-хои руху сурби Усть-Каменогорск, комбинатхои кухию металлургии Норильск, Олмалик, Незказган, Балхаш) ба вучуд омаданд. Хосилнокии мехнат солхои 1966—75 кариб 2 маротиба афзуд.

Металлургияи Рангаи Точикистон асосан муассисахои муштараки цикли нотамоми металлурги ва концентратхои коркардабарориро муттахид менамояд. Як катор фабрикахои бойгардонии маъдан, муассисахои чустучую эксплуатацнонии «Точикзолото» ва з-ди гидрометаллургии Исфара мавчуданд. Дар РСС Точикистон фабрикахои коркардабарории руху cyрб, мису молибден, волфрам, симобу сурма ва маъдани флюорити кор мекунанд. Махсулоти истехсол шударо ба з-дхои металлурги мефиристанд, ба гайр аз металлхои асоси, ничунин элемеитхои нодир ва пароканда низ хосил менамянд. Заводи гидрометаллургии Исфара концентратхои целистийро бе бойгардонии пешаки хосил мекунад. Фабрикахои истехсоли волфрам ва сурма, управленияхои маъдани Чорукарон (1942), Челав (1945), кони Майхура (1943) ва комб. Анзоб (1945) асосан дар солхои Чанги Бузурги Ватани сохта шудаанд. Нишондихандахои технологии аз маъдан чудо кардани компонентхои гаронбахо баробари муассисахои пешкадами Иттифоки Совети мебошад. Дар фабрикаи Чорукдарон флотацияи мис, молибден, волфрам ба амал бароварда мешавад. Дар ин чо усули аввалин бор дар СССР коркардашудаи ишкоронии махсулоти мобайни бо кислотаву сода истифода мешавад, ки дар натича баробари концентратхои аълосифат молибдат, волфрамати калций, сулфати барий низ мегиранд. Комб. куник Анзоб яке аз калонтарин муассисахои мамлакат оид ба коркарди маъданхои симобу сурма мебошад. Истехсоли рух, сурб, мис, висмут дар республика аз хисоби васеъ намудани кори з-ди сурбу рухи Адрасмон зиёд карда мешавад, ки базаи ашёи хоми он кони шарки Конимансур мебошад. Саноати истехсоли тилло ба корхонахои «Точикзолото» вобаста аст. Дар он ба таври автомати аз маъданхои кварци махсулоти тиллодор ва аз он минбаъд тилло мегиранд. Соли 1972 дар республика бори аввал бо усули драга (мошини хоккани) чудо кардани тилло cap шуд. Аз соли 1969 истехсоли симоб бо рохи сузондани маъданхои симоб дар курахои мудаввари чархи инкишоф меёбад. Истифодаи саноатии ашёи хоми магний конхои Точикистон бо максади истехсоли металли магний дар заводи электрохимиявии Ёвон амали мегардид. Дар Точикистон заводи алюминиий Точикистон (ш. Турсунзода) пурра ба кор даромад. Завод технологияи истехсоли алюминийро дар асоси комёбихои навини илму техника ба рох мондааст.

Ад.: Беляев А. И., Металлургия легких металлов. М., 1070; Савицкий Б. М., Клячно В., Металлы космической эры, М., 1972; 3еликман А. Н., Меерсон Т. А., Металлургия редких металлов, М., 1973.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …