МЕТАЛЛОГРАФИЯ (аз металл ва … графил), илмест дар бораи сохти металлхо ва хулахо; кисми таркибии металлшиноси. Металлография макросохт ва Микросохти алюминий баъди рекристаллизация, ки бо ёрии микроскоп дар рушноии полиризацияшуда мушохида карда шудааст (70 маротиба калон карда шудааст).микросохти металлхоро тахкик карда (бо мушохидахои бевосита ё бо ёрии микроскопхо), конунияти ташаккули сохти металлу хулахо, инчунин вобаста ба тагйирёбии ин сохт тагйир ёфтани хусусиятхои механики, электри, магнити, гармигузарони ва диг. хосиятхои физикии онхоро меомузад. Барои омузиши микросохт гайр аз ин, микроскопияи дифракцнонии рентгени истифода мешавад (ниг. Тахлили рентгеноструктури).
Ташаккул ва тагйирёбии сохти дохилии металлхо дар натичаи тагйиротхои фазавие, ки хангоми гарм ё хунук намудани металлхо руй медиханд, инчунин дар натичаи деформацияи пластики, шуоъгири, рекристаллизация ва г. ба амал меояд. Мас., афзудани суръати хунуккуни боиси хурд шудани донахои сохти металл мегардад. Андозаи донахои металлро бо деформацияи пластики ва рекристаллизация низ тагйир додан мумкин аст.