МЕЛЬКУМОВ Яков Аркадьевич (24. 12. 1866, дехаи Хирхиани уезди Шунлини губ. Эривань — 1962, Москва), кахрамони чанги граждани дар Осиёи Миёна, иштирокчии Чанги якуми чахони. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1918. Синфн 6-уми гимназияро хатм намуда, соли 1907 ба армияи хукумати подшохи даъват шуд. Баъди Револютсияи Октябрь бо дастаи пулемётчиёни худ ба тарафи Хокимияти Совети гузашт. Соли 1918 командири полки 1-уми савораи дивизияи 1-уми савораи Москва, 1919 командири бригадаи 1-уми дивизияи 1-уми савораи Туркистон. Соли 1920 бригадаи Мелкумов «халки шуришгар дар барпо намудани Хокимияти Совети дар Китоб Шахрисабз, Гyзop ва Карши кумак расонд. Баъд дар торумори босмачиёни Фаргона иштирок кард.
Соли 1921 бригадаи Мелкумов дар хайати Экспедицияи харбию сиёсии Хасон дар Бухорои Шарки контрреволюцийяро махв намуда, ба мехнаткашон барои барпо намудани Хокимияти Совети кумак расонд. Тобистони 1922 бо сардории Мелкумов дар худуди Бойсун ва Душанбе кушуни Анварпошо торумор карда шуд. Солхои 1923—24 дар Курсхои олии Академияи Армияи Сурх тахсил намуда, 1925—26 ба бригадаи 8-уми алохидаи савори Туркистон рохбари карда, дар Куpгонтеппа бар зидди босмачиён чангид. Баъд бо супориши Совети Харбин революциони (СДР) бригадаи миллии савораи Туркистон ташкил намуда, дар регзори Карокум босмачиёнро торумор кард. Соли 1934 Академияи харбии ба номи М. В. Фрунзеро хатм карда, ёрдамчии фармондехи Округи харбии Осиёи Миёна таъин гардид. Соли 1935 бо фармони СХР ба у унвони харбии командири дивизия дода шуд. Муаллифи китоби ёддоштии «Туркистонихо» (1960; ба забони точики соли 1963 нашр шудааст). Бо 3 ордени Байраки Сурх, ордени Ситораи Сурхи Бухоро (тиллои), ордени Байраки Сурхи Мехнати РСС Туркманистон ва аслихаи хотиравии СХР мукофотонида шудааст.