Маълумоти охирин

МЁЛЕЖ

melyojМЁЛЕЖ Иван Павлович (таваллуд 8. 2. 1921, дехаи Глмнише, вилояти Гомель—1970, Минск), нависандаи советии белорус, Нависандаи халкии РССБ (1972). Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Университети давлатии Белоруссияро хатм кардааст (1945). Асархояш аз соли 1939 чоп мешаваяд. Нахустин хикояхои у (мачм. «Дар бурон», 1946), романи «Самти Минск» (кит. 1—3, 1949—52) ва ёддоштхои фронтии «Дар ибтидои чанг» (1969) ба мухорибахо барои озод кардани Белоруссия бахшида шудаанд. Муаллифи як силсила хикояву очерк ва пьесахо. Романхои машхури Меланома— «Одамон дар ботлок» (1961) ва «Нафаси раъду барк» 1965; Мукофоти ленини, 1972) дар бораи азнавсозии инкилобии дехаи патриархалии белорус ва ташаккули шуури ичтимоию сиёсии мардуми он хикоят мекунанд. Баъзе хикояхояш ба забони точики тарчума шудаанд. Узви Совети Умумичахонии Сулх (1970). Чонишини раиси Правленияи ИН Белоруссия (1966). Бо 4 орден ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ос.; Свидание за городом. Маленькие повести и рассказы, М.— Л., 1966.

Ад.: Кулешов Ф., Иван Мележ. Очерк творчества, М., 1971.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …