Маълумоти охирин

МЕЙОЗ

meyozМЕЙОЗ (аз юн. meiosis — камшави), таксимшавии тахфифи, яке аз типхои митоз, ки дар натичаи он микдори диплоидии хромосомахо то микдори гаплоиди кам мешаванд. Мейоз дар наслхои оянда боздории мачмуи диплои­дии хромосома­хо ва комбинацияи нави информацияи ирсиро таъмин мекунад. Мейози хайвонотро олими немис О. Гертвиг (1890), Мейози растанихоро тадкикотчии рус В. И.

Беляев (1892) кашф кардааст.

Мейоз дар натичаи ду карат таксимшавии ядро, ки хар яки он аз 4 фа­за иборат аст, ба вучуд меояд. Дучандшавии шумораи хромосомахо факат як маротиба ба вукуъ меояд, бинобар ин 4 хучайра бо мачмуи гаплоидии хромосомахо хосил мешавад. Дар профазаи таксимшавии якум спирализация ва конъкъгация (чуфтшави)-и хромосомахои гомологии дучандшуда ба амал мео­яд; дар байни хромосомахо кроссинговер имконпазир аст. Дар метафаза хромосомахои гомологии чуфтшуда дар экватори хучайра чойгир шуда, торхои дуки ахроматини ба он пайваст мешаванд. Дар анафаза чуфти хромосомахои конъюгацияшуда суи кутбхо харакат мекунанд; дар он чо микдори хромосомахо дучанд кам, лекин хар як хромосома аз ду хроматида (нимаи хромосомахо) иборат аст. Баъди телофазая кутох (хангоми он дар хар як кутб деспирализацияи хромосомахо ва хосилшавии ядрою хучайрахои нав ба вучуд мео­яд) таксимшавии дигар cap мешавад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …