Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕЙЕРХОЛЬД Всеволод Эмильевич

МЕЙЕРХОЛЬД Всеволод Эмильевич

meyerholdМЕЙЕРХОЛЬД Всеволод Эмилье­вич (9. 2. 1874, Пенза—2. 2. 1940, Москва), режиссёр ва актёри совети Арт. Халкии Республика (J923 Аъзои КПСС аз соли 1918. Шуъбаи дра­маи Омузишгохи мусикию драмавии Чамъияти фи­лармонии Москваро хатм намудааст (1898). Солхои 1898 —1902 актёри Театри бадеии Москва. Бехтарин ролхояш дар ин театр: Треплев, Тузенбах («Мохихурак», «Се хохарон»-и , А. Л. Чехов), Иоганнес («Бекасон»-и Г. Гауптман), Мальволио, шохзода Арагонский («Шаби дувоздахум», «Савдогари венецияги»-и У. Шекспир). Солхои 1902—05 рохбар ва режиссёри дастаи «Ширкати драмаи нав» (театрхои Херсон, Николаев, Тбилиси). Саррежиссёри театри ба номи В. Ф. Комиссаржевская (1906—07 Дар театри Александр ва Студияи Бородин (Петербург) фаъолияти режиссёриашро идома дода (1908—17), ба эхёи принципхои «театри даврахои гузашта» кушидааст («Дон Жуан»-и Ж. Б. Мольер, «Маскарад»-и М. Ю. Лермонтов), ки ин дар корхои минбаъдааш роли калон бозид («Зани ношинос», «Дуконча»-и А. Блок). Солхои 1920—38 рохбари бадеии Театри 1-уми РСФСР (аз с. 1923 Театри ба номи В. Э. Мейерхольд). Фаъолияти босамараи , режиссёрони Мезо асосан дар хамин театр сурат гирифтааст («Мистерия- Буфф», «Кана», «Хаммом»-и В. В. Маяковский, «Марги Тарелкин»-и А. В. Сухово-Кобылин, «Субх» Э. Верхарн, «Харбу зарби охирин ва халкунанда»-и В. Вишневский, «Сарахбор»-и Ю. Герман, «Муфаттиш»-и Н. В. Гоголь, «Беша»-и А. Островский ва г.). Асархое, ки вокеахои революцияро инъикос мекунанд, Дар эчодиёти Мейерхолд макоми баланд доранд.

Мейерхолд операхои «Орфей ва Эврядика»-и X. Глюк (1911), «Моткаи каромашшок»-и П. Чайковский (1935) ва г.- ро ба сахна гузоштааст. Бозёфтхои эчодии Мейерхолд ба театри совети ва хоричи таъсири бузург расонидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …