Маълумоти охирин

МЕЖЕЛАЙТИС

mejelaytisМЕЖЕЛАЙТИС Эдуардас Беньяминович (таваллуд 3. 10. 1919, дехаи Карейвишкяи РСС Литва), шоири советии литвони. Аз оилаи коргар. Аъ­зои КПСС аз соли I 1943. Дар университетхои Каунас ва Виль­нюс тахсили илм кардааст. Солхои 1944-46 котиби  КМ комсомоли Литва буд. Раиси Правленияи ИН Литва (1959—70). Асархояш аз соли 1935 нашр мешаванд. «Лирика» (1943) якумин мачмуаи ашъори уст. Дар мачмуахои дигари Медузахо («Насими Ватан», 1946, «Булбули мат, 1959) истеъдоди у хамчун шоиро лирик бештар зохир гардид. «Досто­ни бародари»-и у (1954, Мукофоти давлатии РСС Литва., 1955) аз кору зиндагии бинокорони ГЭС-и «Дустии халкхо» хикоят мекунад. Солхои 50— 60 дар эчодиёти Медузахо чанбаи интелектуали, публицисти ва фалсафи кувват гирифт (мачм. «Сангхои бегона», 1957; «Офтоб дар кахрабо», 1961; «Автопортрет. Авиаэскизхо», 1962). Дар мачмумаи шеърхои «Инсон» (1961; Мукофоти ленини, 1962) кувваи бузурги маънави ва чисмонии одами совети васф шудааст. Солхои 1973—74 дар журналхои «Нева» ва «Но­вый мир» силсилаи шеърхои Хиндустонии Межелайтис чоп шуд. Межелайтис дар асархои адабии публицистиаш («Лавхахои лирики», 1964; «Нон ва сухан», 1965; «Парвонахо», 1966; «Уфукхо», 1970) ба эчодиёти классикони адабиёти форс-точик бахои баланд додааст. Якчанд асар барои бачахо навиштааст («Ки бояд шуд», 1947; «Себ чи хикоят кард», 1951; «Муаллима», 1959). Таълифоти солхои охири Межелайтис дар китобхои «Контрапункт» (1972), «Микропоэмахо» (1975), «Кардиограмма» (1978) гирд омада­анд. Шеърхои А. С. Пушкин, М. К). Лермонтов, Т. Г. Шевченко ва дигаронро ба забони литвони тарчума кар­дааст. Мачмуаи ашъори лирикии Межелайтис «Андешахои рох» (1970) ва шеърхои чудогонааш (1972—76) ба точики нашр шудаанд. Котиби Правленияи ИН СССР (аз с. 1959), аъзо- корр. Академияи санъати немис дар Берлин (1970), Лауреати Мукофот байналхалкии ба номи Ч. Нехру (1969). Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 6—7). Бо ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медальхо кофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …