Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕХСИТИИ ХУЧАНДИ

МЕХСИТИИ ХУЧАНДИ

mesheryakovМЕХСИТИИ ХУЧАНДИ Махасти (1098, Хучанд — соли вафот номаълум, Ганча), шоираи форс-точик. Мехситии Xучанди то синни 20-солаги дар зодгохаш ба ёрии падараш илмхои расмии замон ва санъати мусикиро азхуд намуда, дар навохтани чанг, барбат ва уд махорат пайдо кардааст. Дар ин овон овозаи мутриби ва махорати шеъргуии шоира дар Мовароуннахру Хуросон, Эрону Озарбойчон интишор ёфт. Мехситии Xучанди Баъди вафоти падараш (такрибан солхои 1118— 19) ба Ганча сафар кард. Султон Махмуд, ин дарии вакт Хукумати Озарбойчонро ба ухда дошт, уро ба дарбор даъват кард. Ба сабаби аз итоати шох баромадакаш аз дарбор ронда шуд. Мехситии Xучанди Ганчаро тарк намуда, чанд муддат дар Балху Марв зиндаги кардааст. Дар Марв ба дарбори султон Санчар рох, ёфта, ба макоми ба­ланд ва хурмату эхтироми зиёд сохиб мешавад. Мехситии Xучанди дар ин чо бо шоирону адибони мащхур Умарн Хайём, Адиб Собир, Анвари, Саидхасани Газнави ва дигарон робитаи адаби пайдо кард. Мехситии Xучанди шохиди бисёр вокеахою чангхои хунини султон Санчар буд. У ба сабаби иллатхои замона, хусусан, чангхои карахитоиён ва исьёни туркони руз ба ватанаш баргашта натавониста, байни солхои 1153—54 аз Марв боз ба Ганча меравад ва то охири умр дар ин шахр мемонад. Девони ашъори Мехситии Xучанди, ки худи шо­ира онро бо номи «Чоргохи Мехсити» тадкик карда буд, то замони мо боки намондааст. Холо аз Мехситии Xучанди 173 рубои, якчанд газал ва г. бокист, ки ба шакли девон дар Эрон (Техрон, 1957) ба табъ расидаанд. Мехситии Xучанди яке аз шоирахои озодидуст буда, дар замонаш бар зидди маълуми ва бехукукии занони Шарк баромада, бис­ёр иллату камбудихои сохти феодалиро фош кардааст.

Ад.: Берелс Е. Э., Низамии Физули, М., 1062; Точикистон. Усмон, Шоира Махасти, Д., 1963; Рипкаян, Исто­рия персидской и таджикской литерату­ры, М., 1970.

И. Хидоятов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …