Маълумоти охирин

МЕХРОБИ АШТ

МЕХРОБИ АШТ, мехроби кандакории а-хои 10—11 дар дехаи Ашт (райони Ашт). Аз гили аълосифат сохта шудааст. Накшунигори олиаш ин ёдгориро ба катори шохасархои санъати кандакории Шарк мансуб гардондааст. Намояхои мехроб токшакл буда, дар руяш накшхои ачоиби назаррабо канда шудаанд: мар­кази композиционии онро доираи диаметраш 26 смии мунаккаш (накшхои хандаси) оро додааст. Атрофи доираро 13 баргаки бодом шак­ли андарикаш мунаббаткориву кисми дигараш шабакамонанд ихота кардааст. Лаболаби намоя бо ду катор хошияи шабаканоку морпеч ва марзан катибадор (хати куфи, кисми росташ махфуз мондааст) музайян аст.

Баландин токи росткунчаи мехроб 202 см, бараш 75 см ва чукуриаш 30 см аст. Токи нимгунбазии мехроб кунгуракори буда, коши он бо накшхои гирдоби ва атрофаш бо хошияи ислими оро ёфтааст. Даруни токи мехробро дар вакташ накшхои барчастаи бодомшакл ва шабакаи чорхона зинат медоданд. Мехроби Ашт сараввал чузъи масчиде (а. 10) буд, дертар кисми таркибии мазори Аштсахоб гардид. Соли 1939 Мехроби Аштро Экследицияи вазорати археологии сохтмони Канали Калони Фаpгoна ба кайд гирифт. Соли 1961 Отряди археологии шимоли Точикистон онро пурра тадкик кард. Азбаски хатари боз бештар хароб гардидани мехроб буд, онро аз чояш кучонда ба лабораторияи тармими Институти таърихи АФ РОС Точикистон оварданд. Мехроби Ашт шаходати инкишофи пуравчи маданияту санъ­ати асрхои миёнаи халки точик аст.

Ад Г. А. Пугаченкова, Резной михраб из Ашта. Сообщ. тадж филиала АН СССР, XXV, 1950.

Н. Неъматов,

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …