МЕДВЕДЕВ Сергей Сергеевич (17. 5. 1891, Москва —13. 8. 1970, хамон чо), олими совети дар сохаи физкаи химияви, акад. АФ СССР (1958; аъзо-корр. 1943), Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСФСР (1943). Университети Гейдельберг (1914) ва Университети Москваро (1918) хатм кардааст. Дар ташкили Университети Тошкент фаъолона иштирок намуд, мудири Лабораторияи марказии химиявии назди Совети Хочагии Халки Узбекистон буд. Аз соли 1922 то охири хаёташ дар Ин-ти физика ва химияи ба номи Н. Я. Карпов кор кард; аз соли 1938 мудири кафсдраи Институти технологияи химиявии нафиси ба номи М. В. Ломоносов буд. Корхои илмии Медведов асосан ба тадкики механизмхои реакцияи оксидшави, инчунин полимеризацияи радикали ва иони оиданд. У исбот намуд, ки полимеризация процесси занчири мебошад ва бо хамин ба назарияи полимеризация асос гузошт. Тадкикотхои Медведов коркарди усулхои саноатии синтези бисьёр полимерхоро имконпазир гардонд. Ба Медведов барои силсилаи корхо оид ба полимеризацияи мономерхои карбогидриди дар иштироки металлхои ишкори ва пайвастхои органикии онхо Мукофоти ба номи С. В. Лебедеви АФ СССР дода шуд (1971баъди вафоташ). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1946). Бо ордени Ленин, 2 ордени диг. ва медалхо мукофотонида шудааст.