Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕДНИКОВ

МЕДНИКОВ

nophotoМЕДНИКОВ Николай Александро­вич (14. 3. 1855, Петербург — 26. 10. 1918, Старый Крим), арабшиноси рус. Соли 1887 факултетти забонхои шарки Университети Петербургро хатм кард. Аз соли 1890 приватдоцент, аз 1903 профессори Университети Петербург, аз соли 1902 доктори забони араби. Медник хамчун олими арабшинос асосан бо монографияи чилдаи худ «Фаластин аз давраи забти арабхо то юришхои салибдорон мувофики сарчашмахои араби» машхур аст. Чилди 1 тадкикоти муфассали ахбороти муаррихону географхои арабзабони асрхои миёнаро оид ба Сурия, Лубнон, Фаластин ва кисман Мисри асрхои 7—11 дар бар мегирад. Дар чилдхои 2 ва 3 тарчу­маи русии матни хабархо дар Ч- 4 илова тафсироти махсус, шарххо гирд омадаанд.

Асари Медник маълумотномаи мукаммал ва муътабарест доир ба таърих ва географияи мамлакатхои араби Шарки Наздик дар ибтидои асрхои миёна. Медник муаллифи чанд маколаю дастурнома оид ба омузиши забо­ни арабист.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …