Маълумоти охирин

МАВЗУЪ

mavzuМАВЗУЪ (ар. вазъ кардашуда), объекти тасвири бадеи, доираи ходисахои хаёт, ки нависанда ё рассом дар асараш тасвир намудааст. Мавзуъ бо мундаричаи гояви алокаи узви дошта, масъалаи асосии асарро низ мефахмонад. Мавзуъ берун аз образи бадеи ва сюжети асар вучуд надорад. Хар як асари бадеи ба гайр аз мавзуи асоси, инчунин чанд мавзуи дигарро низ дар бар гирифта метавонад. Мас., мавзуи асосии повести «Одина»-и С. Аини тасвири хаёти пурмашаккати захматкашони кухистони точик пеш аз инкилоб ва бедории шуури синфии онхост. Дар айни замон ин масъалаи асосии повест буда, нависанда онро ба василаи нишон додани манзарахои гуногуни хаёт ва образи шахсони гуногун хал кардааст. Аммо дар «Одина» Мавзуъ ва масъалахои дигар низ хастанд: истибдод ва истисмори берахмонаи синфи хукмрон, роли болшевикон дар бедории синфии мехнаткашон, Мавзуъи дусти ва рафокати халкхо ва г. низ аз Мавзуъхои дигари повест мебошанд. Мачмуи Мавзуъхои як асар мавзуот ё тематикаи асар номида мешавад.

Ад.: Ходизода Р., Шукуров М.. Абдучабборов Т., Фарханги истилохоти адабиётшиноси, Д., 1066.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.