Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАКТАБИ МУСИКИ

МАКТАБИ МУСИКИ

МАКТАБИ МУСИКИ, муассисаи махсуси таълимию тарбияви, ки дар он асосхои назариявию амалии санъати мусики омухта мешавад. Пеш аз Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь дар Точикистон ягон Мактаби мусики вучуд надошт. Танхо соли 1922 дар Бухоро Мактаби мусикии халкхои Шарк (холо Омузишгохи мусикии ба номи Домуллохалим Ибодов) кушода шуд. Машгулиятхо ба забони точики буданд. Мактаби мусики Ашрафи, Ф. Шаговос, Ш. Сокибов, М. Бурхонов барин устодони санъат аз чумлаи шогирдони аввалини Мактаби мусики буданд. Дар ин мактаб муаллимон-макомдонон Домуллохалим Ибодов, Отачалол Носиров, Мирзогиёси Танбури, Устошоди Азизов ва дигарон мусики меомузонданд.

maktabi-musiqi

Соли 1937 дар ш. Душанбе якумин Мактаби мусики таъсис ёфт, ки дар он ба 60 нафар хонанда мусикии фортеппани таълим дода мешуд. Аввалин директори мактаби мазкур Л. А. Буткевич буд. Баъдтар шумораи ин гуна мактабхо дар дигар шахру районхои Точикистон тадричан афзуд. Алхол дар хамаи шахру районхои Точикистон Мактаби мусики вучуд дорад. Дар микьёси республика 58 Мактаби мусики, 4 Мактаби мусикии бадеию рассоми, мактаби хореографи, мактаб-интернати махсуси мусики ва 4 Мактаби мусикии хисоби хочаги мавчуд аст, ки дар онхо 12468 нафар хонанда аз руи 7 намуди санъати мусики хунар меомузад (1981).

Ба таълими санъаткорони оянда 1124 нафар муаллимон вобастаанд (1981). Мактаби мусики ба наврасон имконият медихад, ки ба шуъбахои дилхохашон дохил шуда, навохтани фортепиано, асбобхои халкии, нафаси, тори ва г.-ро пурра азхуд намоянд. Дар мактабхои хореографи ва бадеию рассоми чавонон асосхои санъати ракс ва рассомиро меомузанд.

А. Рачабов, Л, Додхудоева.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …