Маълумоти охирин

МАХМУДИ ХАКИМ

nophotoМАХМУДИ ХАКИМ (1819, Шероз —1858, хамон 40), хушнавис, шоир ва табиби эрони. Падараш Висоли Шерози ном дошта, Махмуди Хаким аз овони чавони бо тарбияти у ба камол мерасад ва аз улуми замона бахравар мегардад. Махмуди Хаким ба илми тиб таваччухи хосе доштааст ва унвони «Хаким»-ро гирифтааст. У дар замони хукмронии шох Дочор ба Техрои меояд. Махмуди Хаким дар Техрои бо Ризокулихони Хидоят шинос шуда, баъди чанде ба Шероз бармегардад. Махмуди Хаким ба бисьёр шахру мамлакатхо, аз чумла соли 1850 ба Хиндустон сафар кардааст. Дар Хиндустон у девони Хофизро китобат кардааст, ки он соли 1851 дар ш. Бамбай ба табъ расид. Аз осори хаттотии у «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд (китобат 1849), як нусхаи мунтахаби «Шохнома»-и Фирдавси (1853, дар Китобхонаи миллии Техрон), як нусхаи «Лавоех»-и Чоми (1849, дар Китобхонаи давлатии Техрон), як мураккаи муночоти Хоча Абдуллохи Ансори (1854, дар Китобхонаи миллии Техрон), як нусхаи девони Фаррухи (1853, дар Китобхонаи Сабид Насруллохи Такави, Техрон) ва г. нигох дошта шудаанд.

C. Махсумов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …