Маълумоти охирин

МАХЧУБА

nophotoМАХЧУБА (тахалл. номаш Суфуро; 1895, Бодгис —1967, Хирот), шоираи афгон. Аз оилаи мунши. Гузаштагонаш аз Хоразм будаанд. Дар назди падараш илмхои фикх, адабиёт ва сарфу нахви арабиро омухта, аз 14-солаги ба шеъргуи пардохтааст. Зиёда аз 30 сол дар лицеи Мехри муаллим ва мураббии духтарон будааст. Яке аз аъзоёни фаъоли анчумани адабии Хирот буд. Девони ахчуба., ки пас аз маргаш (1968) ба табъ расидааст, се хазор байтро фаро мегирад. Махчуба дар ашъораш аз рузгори нохинчор ва нобаробарихои хаёти маиши шикоят намуда, мактабу маориф, ватану хамватанонашро ситоиш карда, мардумро ба хакпарасти даъват менамояд. Шеърхои ишкии Махчуба хеле содда ва равонанд.

С. Мирзоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …