Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНИЯ

МАГНИЯ

magniaМАГНИЯ (лот. Magnesium), Mg, элементи химиявии гурухи II системаи даврии Менделеев, раками ат. 12, массаи ат. 24,305. Магнияи табии аз 3 изотопи собит — 24Mg (78,60%), 25Mg (10,11%) ва 2eMg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш —23Me, 27Mg, 2iMg низ хосил карда шудааст. Магнияро дар шакли хока соли 1808 Г. Дэви хангоми электролизи магнезияи тар дар катоди симоби ва тактири амалгамаи дар натичаи он хосилшаванда кашф кардааст. Магния 2,10%-и массаи кишри Заминро ташкил мекунад. Дар табиат доломит, форстерит, магнезит, карналлит барин даххо минералхои силикати, карбонати, сулфати, хлориди, фосфатии Магния мавчуданд. Оби бахрхо то 0,38% ва оби баъзе кулхо то 30% хлориди магний доранд. Магния металли нукратоб, нарми ёзанда ва сабук аст. Зичиаш 1739 кг/м3 (дар 20° С); t гуд. 651° С; t чуш. 1107° С. Магния дар хамаи пайвастхояш 2 валента аст. Вай металли фаъол буда, дар хаво бо пардаи тунуки оксид пушида мешавад; хангоми сахт тафсондан (600—650° С) бо шуълаи чашмхиракунанда сухта оксиди магний (MgO) ва кисман нитриди магний (МкзОД хосил мекунад. Бо оби хунук ба реакция намеравад, аммо аз oyFH об (дар 400° С) гидрогенро хорич менамояд. Магния аксарияти металлхоро аз махлули обии намакхояшон фишурда мебарорад; бо махлули сероби кислотахои минерали бо осони ба реакция меравад. Магния хангоми тафсонидан бо гидроген, нитроген, сулфур, галлогенхо, карбон, силиций, фосфор ва дигар элементхо пайваст шуда гидрид, галлогенид, сулфид, карбид, силицид, фосфид ва г., инчунин бо моддахои органики пайвастхои металлоорганики, бо металлхо хулахои сабук хосил мекунад.

Магния яке аз элементхои хаётан зарури организм аст. Концентрацияи вай дар таркиби баъзе обсаозхо то 3%, фораминиферхо то 3,5%, исфанчхои охаки то 4% мешавад. Дар хлорофили набототи руи Замин тахминан 100 млрд т Магния мавчуд аст. Магнияро организми хайвону одам ба воситаи хурок мегирад. Эхтиёчи шаборузии одам ба Магния 0,3—0,5 г. аст. Микдори нормалии Магния дар хун 4,3 мг% буда, хангоми зиёд шудани он серхоби, бехисси ва баъзан фалачи мушакхои скелет мушохида мешавад. Хангоми норасогии Магния муътадилии ангезиши системаи асаб, кашишхурии мушакхо вайрон мегардад. Магнияро дар техника асосан бо рохи электролизи хлориди Магния ё карналлити беоб, инчунин бо усули металлотерми ё карботерми хосил мекунанд. Магния дар пиротехника, металлургияи истехсоли хулахо, хосил кардани ванадий, титан, уран, цирконий, чуяни сахт, инчунин техникой атом, тиб, хочапгии кишлок ва г. васеъ истифода мешавад.

Ад.: Стрелец X. Л., Тайц А. Ю., Гуляницкий Б. С., Металлургия магния, М., 1960.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …