Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МАГАДАН

МАГАДАН

magadanМАГАДАН, шахр (аз 1939), маркази вилояти Магадани РСФСР. Бандар (Нагаево) дар халичи Нагаевой бахри Охота. Аз Магадан рохи калони автомобилгарди Колыма огоз меёбад. Бо Москва, Ленинград, Симферополь, Новосибирск ва дигар шахрхо алокаи хавои дорад. Ахолиаш 122 хазор нафар (1979). Корхонахои шахр тачхизоти кон, аппаратураи бо сузишвори коркунанда истехсол мекунад, кишти, автомобил ва тракторхоро таъмир менамояд. Корхонахои масолехи бинокори, фабрикаи дузандаги, комбинати чарму пойафзол ва г. дорад. Дар Магадан Институти тадкикоти илмии комплексии Шимоли Шарк ва Институти маркази илмии Шарки Дурии АФ СССР оид ба проблемаи биологии Шимол, Институти умумииттифокии тадкикоти илми оид ба тилло ва металлхои нодир, Институти минтакавии тадкикоти илмии хочгии кишлоки Шимоли Шарк ва шуъбаи Институти укёнуси Ороми хочагии мохидори ва укёнусшиноси, инчунин филиалхои Институти умумииттифокии гоибонаи политехники ва Институти умумииттифокии гоибонаи хукукшиноси, институти педагоги, техникуми политехники, омузишгоххои мусики ва тибби, театри драмаи мусики, маркази телевизион, музеи кишваршиноси мавчуданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …