МАДРАСАИ УЛУГБЕК, ёдгории меъмории асри 15 дар шахри Самарканд. Як чузъи ансамбли Регистони Самарканд. Cолхои 1417—20 бо фармони Улугбек сохта шудааст. Даромадгохи Мадраса бо пештоки мухташами мунаккаш ва хотамкори зинат ёфтааст. Дар ду гушаи Мадраса ду гулдаста комат оростааст. Девори намои асоси (ду пахлуи пешток) бо ду катор токхои ороииш зинат ёфта, се намои дигар хотамкори шудаанд. Дар гирдогирди хавлии мураббаи Мадраса катори хучрахои дукабатаи пешайвондор, дарсхонахои калони гунбазпуш (дар чор кунчи хавли), чор айвон ва масчиди зимистона хастанд.
Мадрасаи Улугбек намунаи олии санъати ороишии меъморист. Изорахои мармари, хотамкориву кошикории девору манорахо, гачкорихои олии ёдгори аз завки баланди созандагонаш шаходат медиханд. Накшхои хандасаву мухаббатии дар як иморат аз хам фарк карда, хар кадом дорои хусни хосест. Катибахои Мадрасаи Улугбек низ хеле назаррабо буда, бо як махорати том ба точики сабт гардидаанд. Мадрасаи Улугбек тачассуми комёбихои кариб якунимхазорсолаи санъати меъмории Осиёи Миёна аст. Ёдгори дар мухофизати давлат мебошад.
МАКОН ДАР ХАРИТА
У. Пулодов.