МАДРАСАИ ТУРСУНЧОН, ёдгории меъмории асри 19 дар Бухоро. Соли 1896— 97 сохта шуда, дар махаллаи Бозори Нав, дар сари рохи байни Токи телпакфурушон ва Регистони Бухоро чой дорад. Мадрасаи Турсунчон дуошьёна буда, атрофи хавлии онро хучрахо ихота кардаанд. Аз мадрасахои пешина фаркаш хамин аст, ки дар ин ёдгори дарсхона ва масчид ба толорхои алохида чудо карда нашудааст.
Намои асоси шаклан анъанави буда, аз пештоки мухташами ду тарафаш бурчдор иборат аст. Ин бурчхо бо гунбазчахо пушида, саросар кошикори шудаанд ва ин ягона ороишоти Мадрасаи Турсунчон мебошад. Дар ду тарафи пешток айвонхои дукабата ва дар ду гушаи он гулдастахо хастанд. Мадрасаи Турсунчон намунаи таназзули мактаби меъмории асри 19 Бухорост. Бдгори дар мухофизати давлат аст.