МАДРАСАИ ОЛЛОХКУЛИХОН, ёдгории меъмории асри 19 дар Хева. Солхои 1834—39 дар кисми шаркии Ичанкалъа бино ёфтааст.
Мадрасаи анъанавист: аз дарсхонаву масчид ва силсилаи хучрахо (дар гирдогирди хавли) иборат аст. Азбаски дар Мадрасаи Оллохкулихон. Хева. Асри 19. чои баланд бунёд гардидааст, аз дигар бинохои хамсоя бохашамтар менамояд. Намои асосии Мадрасаи Оллохкулихон бо пештоки мунаккаши кошикори ва гулдастахои кафасадор оро ёфтааст, инчунин пешайвончахои равокбанди (дукабата) ва токи чукури даромад биноро кушоду бархаво вонамуд мекунанд.
Масчиду дарсхона бо гунбазхои паст пушонда шудаанд. Кошихои Мадрасаи Оллохкулихон рангоранг буда, бо усули хандаси ва мухаббат чида шудаанд (асосан руи бинохо). 99 хучраи Мадрасаи Оллохкулихон накшунигор надошта, бо гунбазхои балхи пушонда шудаанд. Ёдгори дар мухофизати давлат аст.
А. Мирбобоев.