Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ КУКАЛТОШ ДАР ШАХРИ БУХОРО

МАДРАСАИ КУКАЛТОШ ДАР ШАХРИ БУХОРО

МАДРАСАИ КУКАЛТОШ – ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Аз бузургтарин мадрасахои дукабатаи Бухорост. Солхои 1568—69 тахти раёсати яке аз мансабдорони дарбори Абдуллоххон — Кулбобои Кукалтоши сохта шудааст. Шакли бохашаму ороишоти пурдабдаба дорад. Бандубасташ мураккаб ва мукаммал аст. Мадрасаи Кукалтош дорои 160 хучра, дарсхонаву масчид ва дахлези бархавост. Намои асосии Мадраса анъанави буда, даромадгохаш бо пештоки бузург, ду гушааш бо гулдастахо оро ёфтааст. Дар ду пахлуи пешток дарсхона ва масчид чойгиранд.

МАДРАСАИ КУКАЛТОШ

Дар халли сохтани намохои дигар бинокорони Мадрасаи Кукалтош аз услуби анъанави берун рафтаанд. Агар дар Мадрасахои одди гайр аз намои асоси се тарафи дигар девори яклухти махкам дошта бошад, дар ин чо катори хучрахо бо даричахои панчараашон гулгач (ошьёнаи якум) ва пешайвонхои равокбанди (ошьёнаи дуюм) ру ба куча нигаронида шудаанд, ки ин шукухи Мадрасаро афзуда, аз чустучухои навоваронаи меъморони он давр шаходат медихад. Интерьери Мадрасаи Кукалтош низ хеле назаррабо буда, махсусан гачкориву гулнакшхои сакфи дахлез ва дарсхонаву масчид намунаи нодири ороиши меъморианд. Накшхо бо усули «ислими» ва «гирех» ичро гардидаанд. Дархои Мадрасаи Кукалтош намунаи олии санъати кандакори дар руи чуб аст.

ДАР ХАРИТА

Дар тарафи мукобили даромадгохи асоси айвони равокбанди вокеъ аст, ки деворхои он кошикори шудаанд. Мадрасаи Кукалтош дар давраи совети таъмиру тармим гардида, шакли аввалиаш баркаpop карда шудааст. Ёдгори дар мухофизати давлат аст.

Ад.: Шишкин В. А., Архитектурные памятники Бухары, Ташкент, ЮЛА; Пугаченкова Г, А., Самарканд, Бухара, М., 1961.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …