Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ СИБСИ

МАДАНИЯТИ СИБСИ

МАДАНИЯТИ СИБСИ, як системаи муайяни донишхои сиёсию хукуки, принцип, метод ва воситахои идоракунии чамъиятро гуянд, ки дар конун, урфу одат ва шуури синфи инъикос ёфта, онхоро гуруху тазачахои ичтимои ва шахсони алохида дар фаъолияти чамъиятию сиёсии худ истифода имебаранд.

Мафхуми «Маданияти сибси» бори нахуст дар осори В. И. Ленин истифода шудааст: «…максади маданияти сиёси, маълумоти сиёси — коммунистони хакикиро тарбия карда расондааст, ки онхо кобил бошанд дуруг, хурофотро бархам диханд бо ба оммахои мехнаткаш ёри расонанд, ки бар тартиботи кухна галаба кунанд ва кори барпо намудани давлатро ба капиталистон, бе истисморгарои, бо помещикон пеш баранд» (Асархо., чилди- 31, сахифаи 394). Асосгузорони марксизм-ленинизм бар хилофи сиёсатшиносони буржуази ба маданияти моддию маънави (ниг. Маданият) алокаманд буда ин Маданияти сибсиро исбот намудаанд Маданияти сибси мохияти ичтимои дорад, аз дарачаи муайяни инкишофи муносибатхои чамъияти вобаста аст ва манфиатхои сиифии гуруху табакахои ичтимои ва шахсони алохидаро ифода мекунал.

Хусусияти асосии Маданияти сибси дар он аст, ки вай ва хамаи сохахои хаёт (истехсоли, маиши ва г.), балки чабхаи ичтимоию сиёсии онро дар бар мегирад. Маданияти сибси бо вучуди аз омилхои моддию маънави вобаста будан дорои мустакилияти нисбист ва ба фаъолияти ичтимоию сиёсии аъзоёни Чамъият таъсири мухталиф мерасонад. Ин чихати масъала алалхусус дар шароити муборизаи ошкорон синфи, ки дар шароити капитализм мегузарад, равшан зухур меёбад. Маданияти сибси чун кисми таркибии маданият мохияти синфи дорад. Аз ин ру, ду типи таърихии ташаккулёфтаи Маданияти сибси— Маданияти сибсии чамъиятхои синфию антагонисти во Маданияти сибсии формацияи коммунисти аз хамдигар ба кулли фарк мекунанд.

Мадху санои системаи сиёсии буржуазия, мухофизати он ва «созиш»-у «хамкории» байни синфу партияхои ба хам зидди чамъияти капиталистиро таргиб кардан максади асосии Маданияти сибсии буржуазиро ташкил медихад. Бинобар ин дар Маданияти сибсии буржуази мафхумхои «озоди», «демократия», «баробари», «бародари» ва «хукукхои гражданхо» заминаи реали надошта, ба манфиатхои чамъиятии оммаи васеи мехнаткашон комилан мухолифанд. Ин аст, ки В. И. Ленин фош намудани зиддияти байни сухану амали партияхои сиёсии буржуазихо вазифаи мухими пролетариат медонад. Дар асл нормахои Маданияти сибсие, ки дар чамъияти истисмори хукумронанд, ба манфиати доираи хурди одамон мувофик буда, чун воситаи аз хаёти сиёсии чамъият дур кардани мехнаткашон ва устувор гардонидани хокимияти сиёсии буржуазия хизмат мекунанд. Партияхои сиёсии он анъанахои кухнашуда ва мохияти иртичои доштаро аксар вакт ба мукобили унсурхои прогрессивие, ки дар Маданияти сибсии чамъияти капиталист пайдо мешаванд, истифода мебаранд. Дар шароити капитализм танхо пролетариат идеалогияи хакикатан илмии сиёсиро ба вучуд меорад, ки он манфиатхои сиёсии оммаи мехнаткашро нфода намуда, ба озодии онхо, сохтмони социализму коммунизм мусоидат мекунад.

Галабаи Октябри Аъзам, сохтмони социализм ва гузариши халки совети ба давраи сохтмони бевоситаи базаи моддию техникии коммунизм точассуми олии камолоти Маданияти сибсии пролетариати чахони мебошад. Дар замони социализм принципхои асосии Маданияти сибси (озоди, баробари, бародари ва г.) мазмуни хакикии ичтимои пайдо карда, ба омили боэътимоди фаъолии ичтимоию сиёсии мехнаткашон ва прогресси хаёти чамъияти табдил меёбанд. Маданияти сибсии социализм одамонро дар рухияи интернационолизми пролетари ва ватандустии социалисти тарбия намуда, ба онхо имконият медихад, ки дар хаёти сиёсии мамлакат фаъолона иштирок ва санъати мураккаби рохбарони сиёсиро аз худ кунанд.

Маданияти сибси танхо махсули тарбияи идеявию сиёси набуда, ба тарбияи мехнати ва ахлоки алокаманд аст. Ба тарбияи сиёсии аъзоёни чамъият низ муносибати комплекси лозим аст, ки зарурати он дар хуччатхои съезди 25 КПСС махсус кайд карда шудаанд. Аз ин ру, барои самаранокии инкишофи Маданияти сибси тарбияи идеявию сиёси, мехнати ва ахлокиро дар ягонаги пеш бурдан лозим аст.

Ад.: Ленин В. И., Нутк дар мачлиси машваратии Умумироссиягии коркунони равшаннамоии сиёсии шуъбахои маорифи халки губернияхо ва уэедхо 3 ноябри С. 1920, Ас., ч. 31; Брежнев Л. И., Мархилаи таърихии рохи коммунизм. Бо рохи Ленин. Нуткхо ва маколахо, ч. 6, Д., 1979; Конституцияи (Конуни асосии) Иттифоки Республикахои Советии Социалисти, Д., 1977; Бурлацкий Ф., Галкин А., Социология. Политика. Международные отношения, М., 1974, Агаев А. Г., Социалистическая национальная культура, М., 1974; Новчук М. Т., Коган Л. Н., Советская социалистическая культура: исторический опыт и современные проблемы, М. 1979.

С. Чононов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.