Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ

МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ

МАДАНИЯТИ САЛТОВОЮ МАЯЦ – маданияти археологии мансуб ба халкхои нимбодиянишине, ки асрхои 8—9 сокини Подонье ва Наздиазов буданд. Ин маданият дар давраи гузариш ба хаёти мукими ва ташаккули муносибатхои феодали дар байни бодиянишинхо, ки ба хайати хоконии Хазар дохил мешуданд, пайдо шудааст. Асрхои 9—10 зери зарбаи печанакхо бархам хурд. Бештар аз 200 ёдгории М. С. М. маълум: бокимондахои кароргоххои бодиянишинхо, касаба, калъа, шахр, кабрхо.

Соли 1900 тадкикоти хафриёти оромгохи назди дехаи Салтовои Болои вилояти Харьков ва 1906 димнаи калъаи Маяц дар вилояти Воронеж cape шуданд. М. С. М. ба ду таксим мешавад: чангалу биёбони-алани (ниг. Аланхо) ва биёбони-булгори. Ба намуди аввал касабахои дехконон, калъахои деворашон аз санги сафед, урфу одати дафнкунии маданияти Катакомба, ба дуюмин кароргоххои бодиянишинхо ва тарзи дафнкунии маданияти Ямная хос аст. Бодиянишиноне, ки дар Дони Поён сокин буданд, аз санги сафед калъахо месохтанд, дар шахрхои калон низ зиндаги мекарданд. Иктисодиёт ва маданияти хар ду кисм такрибан баробар буд. Маданияти ба М. С. М. монанд дар мавзеъхои аланхо ва булгорхои кадим — Крими Шарки, Волгаи Миёна ва поёни Дунай маълуманд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …