Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАЧМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО»

«МАЧМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО»

«МАЧМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО» (номи дигараш — «Ориф-ул- осор»), тазкира, таълифи Бакои Мухаммад Ориф. Муаллиф ба навиштани тазкира соли 1588 дар ш. Андичон cap карда, онро дар ш. Агран Хиндустон ба итмом расондааст. «Мачмаъ-ул-фузало» тазкираи умумист иборат аз мукаддима, се фирка (боб) ва хотима. Дар мукаддима шархи холи чанд тан шуарои араб, дар фиркаи аввал баёни холи шоирони асрхои 10—15 аз Рудаки то Чоми, дар фиркаи дуюм шуарои асрхои 15—16 аз Чоми то Мушфики, дар фиркаи сеюм шархи зиндагии шоирони точикзабони Хиндустон (муосирони муал­лиф) ва дар хотима шархи ахволу осори муаллиф оварда шудаанд. Хамаги дар «Мачмаъ-ул-фузало» зикри 350 нафар шоир омадааст. Маълумотхои Бакон, махсусан, дар бораи шоирони хамосрош хеле пурарзишанд.

С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …