Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАЧЛИСИИ БУХОРОИ

МАЧЛИСИИ БУХОРОИ

nophotoМАЧЛИСИИ БУХОРОИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 узбек. Дар охири асри 15 —нимаи аввали асри 16 умр ба cap бурдааст. Аслан аз Хоразм буда, бештари хаёташ дар Бухоро гузашта ва ба узбекию точики шеър навиштааст. Хоча Хасани Нисори дар «Музак- кир-ул-ахбоб» уро мачлисоро ва ашъорашро хубу суханонашро маргуб, касидаву газалхояшро латиф гуфтааст. Аз Мачлиси Бухорои бо унвони «Киссаи Сайфулмулук» достони ишкию саргузаштие боки мондааст, ки аз 2 хазор байт иборат буда, дар асо­си сюжети киссахои «Хазору як шаб» ба узбеки назм шудааст. Мавзуи асосии достонро ишку вафо, садокат, дустию ягонаги, мардию кахрамони ташкил медихад. Кахрамонони асосии достон — Сайфулмулук дар рохи ишк ва бахту саодат мубориза мебарад. Шоир зимнан подшохонро ба адолатпарвари, падаронро барои ба бахту саодати фарзандонашон ёри расонидан даъват мекунад. Достон соли 1883 дар Казон, соли 1916 дар Тошкент ба табъ расидааст.

У. Назиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …