Маълумоти охирин

МАЧДИ ХОФИ

nophotoМАЧДИ ХОФИ Мулло Мачдуддин (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), насрнависи форс-точик. Давраи зиндагии у ба охири асри 13 ва нимаи аввали асри 14 рост меояд. Зодгохаш Хоф ном дехаи Нишопур аст. Аз ин ру бо нисбан «Хофи» машхур гаштааст. Мувофики маълумоти «Хафт иклим»-и Амин Ахмади Рози ва асари ягонаи то замони мо расидаи Мачди Xофи— «Хористон» (таълифаш 1332—33) у аз чавони ба илмомузи ва шеъргуи шуруъ карда, асосхои илми тибро низ омухта буд. Аз «Хористон» бармеояд, ки Мачди Xофи ба чанде аз шахру вилоятхои Мовароуннахру Хуросон ва Хиндустон сафар намудааст.

«Хористон» яке аз аввалин асархо дар пайравии «Гулистон»-и Саъди ба шумор меравад. Он аз 10 боб иборат аст. Дар «Хористон» гояхои инсондусти, накукори, дастгирии бечорагон таргиб ва хислатхои бади инсони аз кабили бахили, гаммозиву риёкори мазаммат шудаанд. Масъалахои фазилати илму дониш, кадри сухан, мазаммати зулму хокимони золим ва г. матолиби асосии китоб мебошанд.

Ос.: Гулчин аз «Хористон». ж. «Сеадои Шарк», 1971, М 7.

С. Нилобеков.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …