Маълумоти охирин

МАЧДИ ХАМГАР

nophotoМАЧДИ ХАМГАР Хиббатуллох, Мачдуддини Яздии Шерози (соли таваллуд номаълум—вафот 3. 4. 1287, Исфахон), шоири форс-точик. Дар Язд таваллуд шуда, дар хурдсоли ба Шероз рафтааст. Азбаски падараш дар хизмати дарбор буд, у хам ба дарбор рох меёбад. Вале зиндагиаш дар дарбор хуш нагузаштааст. Баъд аз истилои мугул ба Кирмон мера­вад, вале дере нагузашта боз ба Ше­роз бармегардад. Дар он чо аз Шамсуддин Мухаммади Сохибдевон, ки вазир буд ва бародари маърифатдусти вай Атомалики Чувайни (муаллифи «Таърихи Чахонкушо») ёриву дастгири мебинад. Пас аз катли Сохибдевон (1284) дар пириву нотаво­ни аз чахон чашм пушидааст.

Мачди Хамгар бештар бо газалу касидахояш маъруф аст. Агарчи дар девони у касида нисбатан зиёд аст, вале дар байни хамзамононаш чун шоири газалcapo эътироф шудааст. Дар инкишоф ва такомули жанри газал Мачди Хамгар сахми босазое дорад. Мачди Хамгар бо ашьори шоирони гузашта (Фирдавси, Абулфарачи Руни, Санои ва диг.) ва хамасронаш (Саъди) шинос буда, байтхои онхоро тазмин карда будааст. Девони Мачди Хамгар (3192 байт) дар баъзе китобхонахои чахон махфуз буда, алхол ба чое нарасидааст ва эчодиёташ мавриди омузиш карор нагирифтааст.

Адабиёти форсу точик дар асрхои XII— XIV, Д., 1976.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …