Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «МАБОХИС-УЛ-МАШРИКИЯ»

«МАБОХИС-УЛ-МАШРИКИЯ»

mabohis-ul-mashrikia«МАБОХИС-УЛ-МАШРИКИЯ» (Бахсхо оид ба машрикият), аввалин асари машхури Фахруддини Рози. Соли 1342 х. дар Хайдаробод нашр шудааст. Асар, ки масъалахои илохиёт ва табииётро дар бар мегирад, аз 3 кисм иборат аст. Кисми аввал аз категорияхои вучуд, имкон, мохият, вахдат ва касрат бахс мекунад. Дар кисми дуюми китоб, ки табииёт ном дорад, чавхар (чисм, нафс, акл) ва араз — камият (микдор), кайфият (сифат), макулоти нисби, иллат ва малул (сабаб ва натича), харакат ва замон тадкик шудаанд. Кисми сеюм илохиёги махз буда, баёни 4 масъала: 1) исботи хастии худо, 2) сифатхои он, 3) афъоли вай ва 4) зарурати набиро дар бар мегирад.

Асар дар пайравии «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино бо рохи истифодаи он таълиф шуда аст. Бо вучуди ин Фахруддини Рози дар андешахояш мустакил буда, баъзан ба нуктахои таълимоти Иони Сино эрод гирифтааст. Мас., у назарияи Ибни Синро дар бораи судур ва aкли фаъол рад карданист.

Н. А. Кулматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.