Маълумоти охирин

Ломиса

ЛОМИСА – ин як намуди кобилияти хискунии инсон ва ё чонварон мебошад. Яъне панч намуди хискуни хаст ва яке аз онхо «Ломиса» мебошад. Ломиса таъсири мухити беруниро бо ёрии аъзои ломиса (ретсепторхои пуст, мушак, банд, луобпардахои забону лаб ва гайра) дарк кардан мебошад. Ба забони русси Ломисаро «Осязание» ва ба англиси «Touch» мегуянд. Ломиса асосан барои хис намудани гарми-хунуки, дард, вазн, часпидан ва чунбиш ёри медихад.

Ломиса

Дар асоси протсесси Ломиса мутаассиршавии намудхои гуногуни ретсепторхо (механортсенторхо, ки расиш, фишор ва кашишро дарк мекунанд; ретсепторхои дард ва харорат) ва табдилёбии онхо дар системаи асаби маркази гузошта шудааст. Дарккунии предметхои мухити беруни бо ёрии Ломиса гуногун буда, барои бахо додан ба шакл, андоза, сохт, консистентии, холати онхо имконият медихад ва фахмиши организмро дар бораи дунёи зохири васеъ мекунад.

Ломиса бо кадри имкон аъзои хиссиёти дигар (босира, сомеа) – ро хангоми иллатнокии онхо иваз мекунад. Васеъ шудани алокаи дониш оид ба механизмхои хучайравии протсессхои ретсептори истифо­даи истилохи «Ломиса»-ро махдуд кард. Механизми ретсепторхои механики, харорати ва дард бошад, холо бево­сита омухта мешавад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …