Маълумоти охирин

Лола

ГУЛИ ЛОЛА (Tulipa – Тюльпан), чунин растанихои бисьёрсолаи пиёзакбехест аз оилаи занбакихо гули маъмули худруест, ки зиёда аз 4 000 навъхои гуногуни бустони дорад. Одатан 2— 4 (баъзан 1 ва 12) барг, 1—15 гули 6- гулбарга, гузаи хушк ва тухми дорчини сегуша дорад.

Гули Лола
Сурати Гули Лола

Лола аз кишвархои бахри Миёназамин то Шарки Дур ва Япония, аз Шветсия то Амери­каи Шимоли вомехурад. Дар дунё 140 намуди Лола меруяд, ки 83 намуди он дар (Осиёи Миёна, Казокистон, Кавказ, Сибири Гарби ва Шарки, Украина ва гайра) пахн шудааст. Лола махсусан дар республикахои Осиёи Миёна ва Казокистон (66 намуд) бисёр аст. Мувофики «Флораи Точикистон» дар худуди республика 25 намуди Лола вомехурад, ки 7 намудаш (Т. subgu- inuefolia, Т. praestans, Т. maximo- wiezii, Т. linifolia, Т. anisophylla, Т. korshinskyi, Т. subpraestans  мебошад. Дар байни Лолахои худруи Точикистон махсусан намудхои гулкалони он (Т. fosteriana, Т. ingens, Т. lana- ta, Т. micheliana, Т. mogoltavica, Т. tubergeniana ва р.) кимати баланди ороиши доранд. Баъзеи ин намудхоро селексионерону гулпарварони голланди барои ба вучуд овардани чандин навъхои машхуртарини Лола («Юрий Гагарин», «Юнайтид Нейшеннс», «Маргарет Хербст» ва г.) истифода бурдаанд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ГУЛИ ЛОЛА ДАР Ш. ДУШАНБЕ

Лола асосан хоси нохияхои тобистонашон гарми хушк ва бахору тирамохашон камбориш аст. Дар нимбиёбону биёбон, дашт, баъзан дар буттазор ва бешаи пахнбарг, хамворию доманакух» дар минтакахои поёнию миёна ва болоии кух ва хатто дар наздикии пиряххо меруянд. Даври нашви Лола кутох (то 3 мох) аст. Лола хангоми мусоидии шароит хеле хуб тухм мебандад, ки тирамох пухта аз гуза мерезад. Тухм бахори соли оянда месабзад. Барои сабзиши тухми Лола дар давоми 3—4 мох харорат бо­иси нисбатан паст (то 8° С, вале аз 0° С паст буданаш хатми нест) бошад. Лола дар шароити табиат бори аввал танхо соли 8—20-ум гул мекунад. Дар шароити киштукор бошад, соли 3—12-ум (вобаста ба намуд ва махал) мешукуфад.

Лола яке аз гулхои кадим ва машхуртарини кишвархои Шарк аст. Холо он барои гулзор намудани гулгашту хиёбон, гулбогу чорбог васеъ истифода мешавад. Дар чойхои кушод давраи гули Лола 1,5 мох давом мекунад.

Пиёзаки Лоларо тирамох 1,5—2 мох пеш аз ях кардани хок мешинонанд, онгох то огози зимистон реша меку­над. Китъаи кишт бояд офтобруя ва шамолнорас бошад. Барои нашъунамои хуби Лола регхоки сабуки аз моддахои органикию пусидахо бой ва камишкор лозим аст. Ба хоки серкислота хатман гач андохтан лозим аст (500—700 г/м2). Пиёзаки Лоларо хатман ба чукурии 40—45 см (вобаста ба хачми пиёзак) мешинонанд. Мас., пиёзаки диаметраш 3,5 см ба чукурии 15—18 см шинонида меша­вад. Зимистон пиёзаки Лоларо дар кох, пусидахо, торф ва г. нигох медоранд. Наврустаи Лола аз сармои бахор зарар намебинад. Лолаи бори ба сармои —15—18° С тоб меоварад.

Дар хочагихои механиконидаи гулпарвари ба замини кишт пеш аз пиёзакшинонй нурии минерали (ба хисоби кг/га: селитра 330, суперфос­фат 600, намаки калий 400) меандозанд. Дар давраи нашви Лола растанихои касалро канда сузонидан лозим аст. Дар давраи рунчабанди ва гулкуни ба лолазор 2—3 бор об мемонанд. Тасвирро ниг. дар сах. 64—65.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …