ЛУЛИХО чугиён, халкияти Кучманчи. Дар бисьёр мамлакатхои чахон зиндаги мекунанд. Дар СССР ба гуруххои европои ва осиёимиёнаги таксим шуда, шумораи умумиашон 209 хазор (1979), аз чумла дар Точикистон зиёда аз 1000 нафар Ватани аслиашон Хиндустон буда, заводхои 5—7 онро тарк намуда, бо ду рох Хиндустон — Балучистон—Афгонистон— Эрон — Кавказ — Туркия — Юнон ва Хиндустон — Эрон — Осиёи Миёна дар мамлакатхои дигар пахн шуданд.
Лулихои европои худро ром, лом меномаяд. Ба шевахои худ, ки ба забонхои хинди мансуб аст ва забонхои халкхои махалли гап мезананд. Диндорон православанд. Аввалин маълумот дар бораи ба Европа омадани Лулихо ба соли 1100 рост меояд. Соли 1417 дар Венгрия, Италия, Франция, Англия, Испания ва дигар мамлакатхо пахн шуданд. Ба Россия аз Румыния гузаштаанд. Дар асри 15 дар Бессарабия, асри 16 — Белоруссия, асри 17 — Украина ва районхои чанубии Россия пахн гардиданд. Лулихои мукими дар шахрхо бо хунарманди машгул буданд. Кучманчиён асосан гадои, фолбини ва занчаллоби мекарданд. Авлод-авлод ё гурух-гурух зиндагони мекарданд, оксаколони интихоби доштанд.
Лулихои Осиёи Миёна худро мугат (оташпараст) мегуянд, вале ахолии махалли онхоро лули, чуги меноманд. Аз кадим дар Самарканд, Бухоро, Ташкент. Фаргона, Куканд, Карти ва дехоти атрофи ин шахрхо зиндагони мекунанд. Ба забонхои точики аз узбеки гап мезананд. Лахчаи махсуси худро доранд, ки онро забони мугати ё араби мегуянд. Диндорон — мусулмон. Манбаъхои таърихи аз санаи ба Осиёи Миёна омадани Лулихо маъдумот намедиханд. Мувофики ривоятхо дар замони салтанати Темуриён дар Самарканд махаллахои махсуси Лулихо будаанд. Дар асархои Зашуддияи Бобур, Абулгози Баходурхон, Пирмухаммади Бухорои рочеъ ба Лулихои Осиёи Миёна баъзе маълумотхо хастанд. То Револютсияи Кабири Сотсиялистии Октябрь дар тамоми гушаю канор таъкиб карда мешуданд. Хокимияти Совети ба масъалаи ба хаёти мадании мукими гузаронидан, ба мехнати самараноки чамъияти чалб намудани Лулихо ахамияти калон дод. Аввали соли 1923 дар Москва ячейкаи комсомолии Лулихои Россия, 23 июли 1925 иттифоки Лулихо ташкил карда шуд. Дар бораи Лулихо нашри журналхои «Новодром» («Рохи нав», 1927), «Роман заря» («Шафаки ромзи», 1930) огоз ёфт. Соли 1928 дар асоси хати pycи алифбои Лулихо тасдик гардид. Соли 1930 дар Москва театри Лулихо— «Ромзи» кушода шуд. Дер Точикистон имруз бештар дар атрофи шахру районхои Панчакент, Конибодом, водии Хисор сонии шуда, дар корхонахои саноати ва хочагии кишлок кор ва дар оилаи баробархукуки халкхои совети зиндаги мекунанд.
М. Рахимов.