Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Кули Нижгон

Кули Нижгон

Нижгон, кулест дар дараи Шинги pайони Панчакенти вилояти Ленпнобод. Аз саргахи дара кули хафтумин (охирин) мебошад. Дар нишебии шимоли каторкухи Химсор ва миёнаоби дарёи Шинг (шохоби рости дарёи Могиён) вокеъ аст. Баландин кул аз сатхи бахр 1558 м. Масохаташ. сатхаш дар давраи пуроби 0,05 км2, тулаш 750 м, бараш ба хисоби миёна 67 м, чои аз хама чуку­ри Нижгон 20 м, хачми об 0,38 млн м3 . Оби дарёи Шинг аз кули Соя баромада, ба кули Нижгон мерезад. Оби кули Нижгон дар вакти пуроби аз болои оббанд ва камобиаш аз байни сангхои оббанд чори мешавад. Нижгон дар натичаи канда шуда фуромадани кухпора ва банд шудани мачрои дарёи Шинг ба вучуд омадааст. Аз пахлуи кул рохи мошингард мегузарад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …