Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Кони ангишти Шуроб

Кони ангишти Шуроб

ШУРОБ (кони ангишти Шуроб), кони ангишти буриет, ки дар доманаи шимоли к-кухи Туркистон, дар худуди р-ни Исфараи вил. Ленинобод ва р-ни Лайлаки вил. Уши РСС Кирг. вокеъ гаштааст. Аз ст. Конибодом (дар хати р. о. Хавос-Куканд) то кони Ш. шохаи р. о. (56 км) кашида шудааст. Масох. умумим кони Ш 250-300 км2 буда, аз кисмхои гарби (дар РОС Кирг.) ва шарки (дар РСС Точ) иборат аст. Ба кисми гарби майдонхои Шуроб-3, Гарм, Мадиген ва ба кисми шарки майдонхои Шуроб-1, Шуроб-II ва Самаркандак дохил мешаванд. Дар ин майдонхо кабатхои ангишт ба руи замин наздик хобидаанд. Нохияи кон аз тахнишастхои палеозой ва даврахои юра, табошир, палеоген, неоген ва даврам чорумин таркиб ёфтааст. Тахнишастхои палеозой аз вараксангу охаксангхо ва тахнишастхои давраи юра аз гил, алевролитрегсанг, конгломерат иборатанд. Ангишт дар табакаи чинсхои юраи поён ва миёна дар шакли кабату линзахои гафс ва тунук хобидааст. Микдори кабатхои ангишт, тулу гафсии кабатхо ва чукурии хобиши онхо як хел нест. Бисьёр кабатхо тунук буда, аз онхо ангишт истихроч намекунанд. Дар майдони Шуроб-I хамаги 10 кабати ангишт буда, факат як кабати гафстари он (0,5—20,4 м) истихрочист. Дар майдони Шуроб-II аз 27 кабати ангишт танхо 12-тояш истихрочи мебошад. Аз 14 кабати ангишти майдони Самаркандак 13-тоаш аз чихати гафси ба истихрочшави мувофик меоянд. Майдони Шуроб-3 аз кабатхои ангишт бой аст.

koni-angishti-shurob

Дар ин чо хамаги 53 кабати ангишт мавчуд аст, ки гафсии умумиашон ба 123 м мера сад. Ангишти Ш. аз кадимулайём маълум бошад хам, истихрочи он аз с. 1300 огоз ёфт (баъзе шахсони алохида ба микдори кам ангишт мегирифтаги шуданд). Истихрочи саноатии ангишт с. 1939 cap шуд. Холо кон дар ихтиёри Управленияи точикистонии Иттиходияи конхои «Средазуголь» мебошад. Хар сол аз кони Ш. 250 хаз. т. ангишт истихроч мекунанд. Ангишти Ш.-ро дар корхонахои саноатии Осиёи Миёна ва дар таъминоти рузгории ахоли ба сифати сузишвори истифода мебаранд.

З. А. Иоффе.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …