КИЗИЛРАБОТ, кабристони мансуб ба а-хои 10—8 то м., ки 400 м дуртар аз д. Оксу, дар сохили рости он вокеъ аст. 13 пушта дар масох 35 x40 м хеле зич чой гирифтаанд. Пуштахо бо санг бардошта шудаанд ва кабрхо байзашакланд. Аз кабр куза, устухони гусфан ёфтаанд. Девораи баъзе кабрхо бо тахтасангхо руикаш шуда, баъзеи дигарашонро бо вараксангхо пушонлдаанд. Аз К. кабри бачагона низ ёфтаанд. Аз К. 1,5—2 км шим. гарбтар аз К. 5 пуштаи дигар ошкор гардидааст, ки бо номи К. маълум аст. Кабрхои К.-II байзашакл ва чоркунча будаанд. Расадхоро дар чукурии 35 см бо пахлуи чап, cap ба шим. шарк, руй ба шарк гуронидаанд. Хангоми хафриёти археологи аз назди майит зарфхои сафолию табак ба даст омаданд.
Ад.: Литвияский В. А., Древние кочевники «Крыши мира», М., 1972.
У. Бобоев.