КИМИЗ, як навъ нушокиеро гуянд, ки аз шири байтал (баъзан аз шири гову шутур) тайёр мекунанд. К. дар байни халкхои бодиянишин аз кадимулайём маъмул аст. Шири хоми байтал (ё шири пастеризация-кардан гов ва шутур)-ро дар харор. 26—28°С бо бактерияхои туршонанда ва ширмоя метуршонанд ва шири то 60*С туршонидаро дар зарфи чубин то 60 дак. меомезанд. Баъд онро ба шишахои гарданборик рехта, дахони шишахоро махкам мекунанд, барои хосил шудани гази табии дар харор. 20—22°С 30—40 дак. нигох медоранд ва сипас дар харор. 4—6С 12—14 соат хунук мекунанд. К.-и тайёр нушокии фишшосзанандаи кафкдорест, ки таъм ва буи спирт дорад. К.-ро организм нагз хазм мекунад, вай хазми сафедаву равганхои хурокро метезонад ва мубодилаи моддахоро бехтар менамояд.
К. хусусияти хавои дорад, онро барои табобати сил, шуста тоза кардани захмхои носур, табобати гурда ва роххои пешоб истифода мебаранд.
Дар Точикистон усули бо К. муолича намудан дар беморхонахои № 1 ва № 3-и республикавии беморихои сил, шифохонаи республикавии бачагонаи Тангай ва шифохонаи Шахристон чори шудааст.
Ад.: Куанецов Ц. И., Гавоилов П. Ф., Кумыс — ценное лечебно-профиа литическое средство. Тамбов. 1961; Кумыс, Алма-Ата, 1968; Мироненко М. С., Кумыо — богатырский напиток, М.( 1969.
И. Сулаймонов.