Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / КАЗОВУ КАДАР

КАЗОВУ КАДАР

КАЗОВУ КАДАР (ар.  хукм, амр ва — кудрат, тавонои), истилохоти динию фалсафии Шаркро гуянд. Дар ахди аввали ислом истилохи К. к- ба маънои сиришту сарнавишт истифода гашта, «казо» маъмулан муродифи амри абадию азали, кулли ва сифати зотии худо, «кадар» бошад, зухури ирода, амр ё Хукми махсуси уро ифода мекард. Мас., Абулхасани Ашъари казоро иродаи кулли аллох, алокаи он бо ашьё, кадарро пайдоиши ашьё бо иродаи холик мепиндорад. Ибни Сино дар «Ишорот ва танбехот» оид ба К. к. чунин гуфтааст: «Ва маънии «кадар» ин аст, ки тафсили он казои аввал аст, расидани вочиб, ки хар чи вочиб нашавад, дар вучуд наояд…» (Абуали ибни Сино, Осори мун., ч.1 Д. 1980, с. 241). Дар таълимоти Ихвонуссафо казо хиради човидест, ки мувофики харакати ситорахо барои дар рух мукаддар шудааст.

destiny

Дар давраи футухоти ислом масъалаи К- к. барои таргиби газавот васеъ истифода мешуд. Тавассути он гозиёнро ба нотарсию бебоки ва таваккул таргибу талкин мекарданд. Аз чихаип сиёси К. к. рисолат (пайгамбари)-и Мухаммад ва хукмронии халифахоро хак мебаровард. Аз ин ру, хам хулафои рошидин ва хам Умавиён ба он таваччухи зиёд доштанд. Баъди интишори ислом дар мамлакатхои забтшуда масъалаи К. к. боиси бахсу мунозира ва ихтилофоти доирахои гуногун гашт. Саволе ба миён меомад, ки агар рафтору кирдори инсон ба иродааш вобаста набошад, пас чаро вай бояд барои аъмолаш даъвогар шавад? Дар хамин замина ихтилоф ва бахсу мунозирахои зиёде ба вучуд омада, сабаби пайдо шудани чараёнхои динию фалсафии ба хам мукобили кадария ва чабария гардид.

Ад.: Одилов Н., Ислом дар оинаи акл.,Д., 1971; иетрушевский

И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках, Л., 1966.

С. Махмадуллоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …