Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / КАРОТЕГИН

КАРОТЕГИН

КАРОТЕГИН, номи таърихи (то-революциони)-и нохияи кухист, ки дар хавзаи д. Сурхоб (болооби Вахш), байни к-куххои Каротегин (аз гарб), Зарафшону Олой (аз шимол), Паси Олой (аз шарк) ва Пётри Якум (аз чануб) вокеъ гашта аст. Холо дар худуди Каротегин пурра р-ни Гарм ва кисми р-нхои Комсомолободу Чиргатол чойгир шудаанд. Махалхои калони ахолинишини К. Гарм, Шулмак, Чиргатол буданд. Дар маъхазхои таърихии араби ин нохия бо номи Рашт ёдовар шудааст. Аз давраи Темур ва Темуриён дар сарчашмахо бо номи Кайртегин ва баъдтар Каротегин вомехурад. Дар К. аз кадим точикон зиндаги мекарданд. Мохи рачаби с. 1045 (дек. 1635— янв. 1636) кариб 12000 хонаводаи киргиз ба воситаи К. ба Хисор гузаштанд ва аз эхтимол дур нест, ки кисме аз онхо дар ин чо маскун шуда бошад.

rasht_district_in_tajikistan

Аз с-хои 70 а. 19 таъсири аморати Бухоро дар ин чо пурзур гашт. Баъди ба хайати генерал-губернатории Туркистон хамрох карда шудани баъзе нохияхои шим. аморати Бухоро бо ёрии хукумати подшохии рус хамаи давлатчахои мустакили Бухорои Шарки, аз чумла К. ба аморати Бухоро хамрох карда шуданд. Баъди аз тарафи Армияи Сурх торумор карда шудани дастахои амир дар Бухорои Шарки 23 марти 1921 дар К. Хокимияти Совети барпо гардид, вале аз сабаби пурзур шудани фаъолияти босмачиён то миёнахои с. 1923 К. дар амал дар дасти босмачиён буд. 19 июли 1923 маркази маъмурии К,— Гарм аз тарафи кисмхои Армияи Сурх ва фидоиёни махалли озод карда шуд.

Ад.: Маджлисов А., Каратегин накануне установления Советской власти, Сталинабад, 1959.

Х. Пирумшоев.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …