Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАРОБОДИНИ КАЛОНИСИ

КАРОБОДИНИ КАЛОНИСИ

КАРОБОДИНИ КАЛОНИСИ асари Калониси дар боби       тиб, ки тахминан с. 1194 ба забони араби таълиф шудааст. Чи тавре ки Ибни Абуусайбиа дар асари худ           «Таърихи табибон» кайд намудааст. Муаллиф хангоми навиштани асари мазкур аз «Ал-Конун»-и Ибни Сино, «Ал-Хови», «Ал-Комил»-и Абубакри Рози ва диг. асархои тиббии олимони шарк истифода бурдааст. К.К. аз 49 фасл иборат буда, дар он усулхои шустану хушконидани моддахои соддаи дорувор ва аз омехтахо тайёр намудани дорухои хока, хамира, хаб ва тугмашакл, инчунин тарзи истеъмоли онхо хангоми ин ё он бемори баён гаштаанд. Гайр аз ин у дар асараш дар бораи хусусиятхои доруии баъзе захрхо, дорухои зидди хашарот, тарики ивази як дору ба доруи дигар (хангоми дарёфт нашудани доруи даркори). инчунин оид ба вазни ченакхои тибби ва г. низ маълумот додааст. К. К-дар омузиши таърихи дорушиносии шарк ахамиятп калан дорад. Аз К. К- ду нусха дастхат маълум буда, яке дар китабхонаи Берлин ва дигаре тахти раками 3925 дар фонди дастнависхои Ин-ти шаркшиносии АФ РОС Узб. махфузанд.

Ад.: Абдуллоев И., Хикматуллоев X. Самаркандлик, олимлар, Тошкент/1969.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.