КАМИШАК, лундакамиш (Во1-boschoenus), як чинси гиёххои бисьёрсоларо гуянд, ки дар решапояхои ачиридмонанди дарози онхо лундахо хосил мешаванд; ба оилаи гешаихo мансуб аст. Пояаш серкирра, баргаш дарози борик, хушагулаш чатршакл, гулаш дучинса, мевааш «чормагзак»-и секирра (аз ду тараф барчаста). К. (4—5 намуд) махсусан дар нохияхои гарми дуньё фаровон аст. Дар Точикистон 2 намуди 1(.— чалгузакамиш (В. strobilinus) ва К-и бахри (В. maritimus) меруяд.
Чалгузакамиш дар доманаи кух, шибарчойхо, шуразамин, сохили дарьё, канори ангору хавзхо, обанборхои камоб, дар найзорхо ва г. (к-куххои Курама, Туркистон ва нохияхои Точикистони Чануби ва г.; 300—900 м аз с. б ) месабзад. Пояаш 50—80 см кад мекашад. Хушагулаш асосан аз 2—8 хушачаи байзашакли зардча иборат аст. Хуроки хуби чорвост. Лундахояшро, ки то 60—70% охар (крахмал) дорад, пештар истеъмол мекарданд ва дорувор мехисобиданд.
К-и бахри асосан дар хамворихои доманакух, сохили кулу дарьёхо, чойхои шибарзамин, чун алафи бегона дар пахтазор ва шолизор (дар аксар нохияхои республикаамон дар баландии 350—1600 м аз с. б.) нашъунамо меёбад. Баргаш дарози нугтез, хушагулаш чатршакл, «чормагзак»-аш буртоб. Моххои апр.— авг. гул мекунад. Хуроки хуби чорвост. Пояаш то 120 см месабзад. Онро дарав мекунанд. Силоси хуб мешавад. Хошокаш то 10% протеин, 9% сафеда, 1—2% равган ва г. дорад. Лундаашро чун доруи истеъмол мекунанд.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 2, М. —Д., 1963.