КАМЧИНАКДОРХО организмхои якхучайра ва колониявиро гуянд, ки аъзои харакаташон камчинак аст. Оид ба растани ё хайвон будани баъзе гурухи К. алхол фикри ягона вучуд надорад. Мач., ботаникхо эвгленаихоро растани ва зоологхо хайвон мешуморанд.
1) Дар ботаника К. (Flagella-tae) пештар чун шуъба (тип), ки аз якчанд синф иборат буд, омухта мешуданд. Баъзе синфхои К. мас., Pantostomatioae, Protomastiginae ва Dietomatinae акнун растани хисоб намешаванд.
2) Дар зоология К. (Mastigophora) як синфи чудогона буда, ба типи соддатаринхо мансубанд. К. ба 2 зерсинф (Phytomastigina ва zoomastigina) чудо мешаванд, ки 13 катор (кариб 3000 намуд)-ро дар бар мегирад. Ба зерсинфи якум организмхое мансубанд, ки дорои пигмент буда, асосан дар натичаи фотосинтез гизо мегиранд. Зерсинфи дуюм. организмхои гетеротрофи (пайвастхои органикии тайёрро гизо мекунанд) ва организмхои тарзи гизояшон голозои (микроорганизмхоро фуру мебаранд)-ро дар бар мегиранд; К-и гайрипаразит дар обхои ширин ва бахрхо ва К-и паразит дар бадани хайвонот ва одам зиндаги мекунанд; аксари К.-и паразит (трипаносомахо, лейшмания, лямблия ва г.) барангезандаи беморихои гуногунанд.