Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАМАРИ Абумансур Хасан ибни Нухи Камари

КАМАРИ Абумансур Хасан ибни Нухи Камари

КАМАРИ Абумансур Хасан ибни Нухи Камари (с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб (а. 10). Зодгохаш Бухоро. Дар баъзе манбаъхо уро Абумансури Бухорои низ мегуянд. К. хамасри Абубакр Закариёи Рози ва табиби шахсии амир Мансури Сомони (961—976) буд. Абуали ибни Сино аз К. дарс омухта, тачрибахои уро истифода бурдааст. Дар сохаи тиб якчанд асархо таълиф намудааст, чунончи: «Китоб илал-ул-алил», «Мачмуаи кабир дар адвияи муфрада», «Муоличоти мансури», «Рисола дар илочи амрози садр», «Макола дар марази иштихо». Асархои К. дар таърихи тиб дорои ахамияти багоят калон буда, минбаъд ба фаъолияти Сино барин табибон кумак расондаанд. К. инчунин «Китоби гино ва муно» ва диг. рисолахои тибби дорад. Дар китоби «гино ва муно» муаллиф доир ба хелхоин касалихои замони худ ва роххои давои онхо батафсил маълумот додааст. К. дар эчоди асархо ва тачрибаи кори худ хамчун далел аз Чолинус, Букрот, Абубакри Рози хаматарафа истифода бурдааст. Як нусхаи дастнависи «Китоби гино ва муно» дар Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Узб. тахти раками 5708 (168 варак) махфуз аст.

Ад.: Ирисов А.. Но сиров Н.. Низомиддинов И., У рта Осяблик пири олим, Тошкент, 1961; Хикматуллоев X.. Ибн Синонииг юрам дорулари рисоласи, Тошкент, 1966.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.